Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги нави FIFA мавқеашро нигоҳ дошт


Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки 4 май нашр шудааст, мавқеашро нигоҳ дошт ва дар байни 211 кишвар бо 205 имтиёз дар ҷойгоҳи 138-ум қарор гирифтааст.

Бразилия дар феҳристи нави ФИФА бо 1661 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Аргентина (1603 имтиёз) дар ҷойи дувум ва Олмон (1464 имтиёз) дар ҷойи севум мебошанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) мақоми 24-умро касб кардааст. Дар Осиё Эрон дар ҷойи аввал (дар ҷаҳон 28-ум), Кореяи Ҷанубӣ дар ҷойи дувум (дар ҷаҳон 43-юм) ва Ҷопон дар ҷойи севум (дар ҷаҳон 44-ум) қарор доранд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (37-ум), Узбакистон (60-ум) ва Русия (61-ум) ба даст овардаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ танҳо аз Туркманистон (140-ум) ва Молдова (159-ум) пеш аст.

Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад. Феҳристи навбатии ФИФА 1 июн нашр мешавад.

Мунтахаби Тоҷикистон наздиктарин бозиашро дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» 13 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе муқобили мунтахаби Филиппин, ки дар феҳристи FIFA дар мақоми 127-ум қарор дорад, анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG