Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Истиқлол” бар қаҳрамони Қирғизистон дар Ӯш


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дар гурӯҳи “D” дар меҳмонӣ тими “Олой”-и Ӯшро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод.

Бозӣ миёни дастаҳои «Истиқлол», қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон ва «Олой», қаҳрамони секаратаи Қирғизистон, 3 май дар варзишгоҳи ба номи Аҳмадбек Суюнбоеви шаҳри Ӯш баргузор шуд.

Ҳисобро ҳамлагари “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 32-юм, боз кард. Баъди ҳафт дақиқа ӯ голи дувумро ба ҳадаф расонд. Голи севумро Дилшод Восиев дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 78-ум, аз ҷаримаи 11-метрӣ ба тӯри дарвозаи мизбонон зад. Ҳашт дақиқа қабл аз анҷоми замони асосии дидор боз ҳам Дилшод Восиев голи чорумро ба дарвозаи “Олой” ворид кард. Як голи мизбононро Одилҷон Абдураҳмонов дар дақиқаи 88-ум ба самар расонд.

Ёдовар мешавем, “Истиқлол” 18 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи “D” тими “Олой”-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дода буд.

Дар бозии дигари даври чорум дар гурӯҳи “D” 3 май дастаи «Олтин Асир»-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон дар майдони худ тими “Дордой”-и Бишкек, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Қирғизистонро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард.

Баъди натиҷагирии чор давр дар ҷадвали гурӯҳи “D” “Истиқлол”-и Душанбе бо 10 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. “Олтин Асир”-и Ишқобод низ 10 имтиёз ба даст овардааст, вале бо назардошти таносуби тӯбҳо дар мақоми дувум қарор дорад. “Дордой”-и Бишкек бо се имтиёз дар мақоми севум аст. “Олой”-и Ӯш бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.

Бозии даври панҷумро “Истиқлол” рӯзи чоршанбеи 17-уми май дар меҳмонӣ бо “Дордой” анҷом медиҳад. Дар бозии дигари даври навбатӣ «Олтин Асир» дар майдони худ бо «Олой» рақобат мекунад.

Бар асоси дастури мусобиқа танҳо ғолиби гурӯҳ ба даври баъдии Ҷоми AFC роҳ меёбад.

Ҷоми AFC-2017. Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Даври 4-ум

«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:4

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 32 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 39 (0:2). Дилшод Восиев, 78 – аз пеналтӣ (0:3). Дилшод Восиев, 82 (0:4). Одилҷон Абдураҳмонов, 88 (1:4).

«Олой» (Ӯш, Қирғизистон): Абдуазиз Маҳкамов, Илёс Олимов, Нурсултон Отамирзоев, Одилҷон Абдураҳмонов, Модибо Сидибе (Умарбек Тухтасинов, 64), Алия Силла, Мақсадбек Олимов (Владимир Верёвкин, 75), Акрамҷон Умаров, Бахтибек Маматов, Аброр Қодиралиев, Шӯҳрат Раҳмонов.

Сармураббӣ: Неъмат Кошоков

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Артём Барановский, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Нуриддин Давронов (Ромиш Ҷалилов, 64), Дэвид Мавутор, Фатҳулло Фатҳуллоев (Ҷаҳонгир Эргашев, 71), Ҷаҳонгир Алиев, Манучеҳр Ҷалилов (Дилшод Восиев, 68), Дмитрий Барков.

Сармураббӣ: Мӯҳсин Муҳаммадиев

Огоҳонида шуданд: Умарбек Тухтасинов («Олой»), Амирбек Ҷӯрабоев («Истиқлол»).

Беҳтарин бозигари дидор: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Ҷонсен Фу (Сингапур).

Комиссари бозӣ: Абдул Ғафур Абдул Ҳамид (Молдив).

3 май. Ӯш. Варзишгоҳи ба номи Аҳматбек Суюнбоев. 3000 тамошобин.

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон) – 3:0

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “D

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

4

3

1

0

10-3

10

2

«Олтин Асир» (Туркманистон)

4

3

1

0

8-2

10

3

«Дордой» (Қирғизистон)

3

1

0

2

1-7

3

4

«Олой» (Қирғизистон)

4

0

0

4

3-10

0

Ҷоми AFC-2017
Гурӯҳи "D". Минтақаи марказӣ

Даври 1-ум
14 март (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – “Дордой” (Қирғизистон) – 2:0
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 1:2

Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:1
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олой» (Қирғизистон) -1:0

Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон) – 3:1
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 0:2

Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)

«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:4
«Олтин Асир» (Туркманистон) – “Дордой” (Қирғизистон) – 3:0

Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)

“Дордой” (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – “Дордой” (Қирғизистон)

XS
SM
MD
LG