Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди истеъфои Ҳабибуллоев. Алиёр сармураббии "Ҳосилот" шуд


Алиёр Ашӯрмамадов.
Алиёр Ашӯрмамадов.

Алиёр Ашӯрмамадов, ҳамлагари собиқи дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, сармураббии нави тими лигаи олӣ - “Ҳосилот”-и Фархор - таъин шуд. Вай дар ин вазифа Муҳаммадҷон Ҳабибуллоевро, ки баъди бохти “Ҳосилот” дар даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон ба ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 0:1 бо хоҳиши худ аз вазифааш истеъфо дод, иваз намуд.

Алиёр Ашӯрмамадов соли гузашта дар дастаи “Ҳосилот” ёвари Ҳабибуллоев буд, ҳамчунин ҳайати дувуми дастаро машқ медод.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Алиёр Ашӯрмамадови 48-сола рӯзи 4 май ба вазифаи нави худ шуруъ хоҳад кард. Аввалин бозии “Ҳосилот” таҳти раҳбарии Алиёр Ашӯрмамадов рӯзи якшанбеи 7 май бо тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар меҳмонӣ баргузор мешавад.

Алиёр Ашӯрмамадов дар дастасҳои ССКА «Помир» (Душанбе), «Энергетик» (Душанбе), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) ва «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) ба ҳайси сармураббӣ ифои вазифа намудааст.

Ӯ ҳамчун ҳамлагар дар дастаҳои СКИФ-1 (Душанбе, 1989), «Вахш» (Қӯрғонтеппа, 1990), «Помир» (Душанбе, 1991-1992), «Локомотив» (Москва, 1993), «Авангард» (Коломна, 1994), «Анжи» (Махачқалъа, 1995-1998), «Варзоб» (Душанбе, 1999-2000), «Иртиш» (Павлодар, 2001-2002), СКА «Помир» (Душанбе, апрел-июл 2004), «Хима» (Душанбе, август 2005-2007) бозӣ кардааст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

6

5

1

0

21-3

16

2

ССКА «Помир» (Душанбе)

8

3

4

1

6-3

13

3

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

7

3

2

2

10-6

11

4

«Ҳосилот» (Фархор)

8

3

1

4

9-16

10

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

8

2

3

3

5-8

9

6

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

8

2

2

4

7-11

8

7

«Барқчӣ» (Ҳисор)

8

2

2

4

6-13

8

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

7

1

3

3

2-6

6

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Дилшод Бозоров, Фарҳод Тоҳиров (ҳарду – «Хуҷанд»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Дмитрий Барков («Истиқлол») – 3-тӯбӣ.

Даври 9-ум

6 май (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

«Хуҷанд» – «Барқчӣ»

ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ»

7 май (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:30

«Вахш» – «Ҳосилот»

XS
SM
MD
LG