Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзани тоҷик ба даври чорякниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфт


Шаббос Неъматуллоев, варзишгари тоҷик, рӯзи 2 май дар аввалин қувваозмоияш дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки бо ширкати 179 варзишгар аз 28 кишвар дар пойтахти Узбакистон - шаҳри Тошканд - ҷараён дорад, дар вазни то 81 кило бар Шао Ҳю Ҳи (Тайван) бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд ва ба чорякфинал баромад. Шаббос Неъматуллоев дар даври чорякниҳоӣ бегоҳи имрӯз, 3 май, бо муштзани Узбакистон Бектемур Мелиқӯзиев рақобат мекунад.

Вале рӯзи сешанбе ду варзишгари дигари тоҷик дар даври муқаддамотӣ ноком шуда, аз идомаи мубориза маҳрум гаштанд. Бахтиёр Сагизов дар вазни то 52 кило аз Сеневиратне Бандара (Шри-Ланка) бо ҳисоби 2:3 ва Сиёвуш Зуҳуров дар вазни аз 91 кило боло аз Ҳайпинг Му (Чин) бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрданд.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни мардон дар пойтахти Узбакистон ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар шомил аст. Дар се рӯзи рақобатҳо дар даврҳои муқаддамотӣ шаш варзишгари тоҷик ноком шуданд.

Асрор Воҳидов, ки дар нахустин рӯзи мусобиқа – 30 апрел - дар рақобатҳо дар вазни то 56 кило бар Пуран Рай аз Непал бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуда буд, рӯзи 1 май дар даври дувум аз Руомей Танака аз Ҷопон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд.

Якуми май боз ду варзишгари тоҷик – Фурқатҷони Одилхон дар вазни то 64 кило ва Бахтиёри Мирзомуҳаммад дар вазни то 75 кило –дар аввалин рақобати худ ба нокомӣ дучор шуданд. Фурқатҷон аз муштзани Ҳиндустон Сароҳалуа Лумбантовинг бо ҳисоби 1:4 ва Бахтиёр аз намояндаи Туркманистон Азиз Очилов бо ҳисоби 0:5 мағлуб гаштанд.

Инчунин, 30 апрел дар даври аввал муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар вазни то 60 кило аз Умар Ҳасани ироқӣ бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрда буд.

Ҳамакнун Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик, дар вазни то 91 кило дар аввалин рақобати худ имрӯз, 3 май, бо Маҳмуд Саноуллоҳ аз Покистон қувваозмоӣ мекунад.

Ба ин тартиб, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё танҳо ду варзишгари тоҷик барои медалҳо талош хоҳанд кард.

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар Тошканд то рӯзи 7 май идома меёбад. Варзишгарон ба ҷуз медалҳо, барои роҳхатҳо ба мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон, ки аз 25 август то 4 сентябр дар Ҳамбурги Олмон баргузор мешавад, мубориза мебаранд.

XS
SM
MD
LG