Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи дастаҳои лигаи аввал дар даври пешакии Ҷоми Тоҷикистон


Бар асоси қуръакашии даври пешакии мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон, ки 1 май дар қароргоҳи Федератсияи футболи кишвар доир шуд, дувоздаҳ дастаи лигаи аввал шаш ҷуфтро ташкил намуданд.

Бозиҳои аввали даври пешакии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 7 май байни дастаҳои «Локомотив-Помир» (Душанбе) – «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Саройкамар» (Панҷ) – «Равшан» (Кӯлоб), «Ҳулбук» (Восеъ) – «Маҳаллаи 83» (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Сомон» (Данғара), «Эсхата» (Хуҷанд) – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) ва «Зарафшон» (Панҷакент) – «Исфара» (Исфара) баргузор мешаванд. Бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 16-17 май барпо мегарданд.

Ғолибони ҷуфтҳо ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ меёбанд. Ҳашт дастаи лигаи олӣ – «Истиқлол» (Душанбе), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хуҷанд» (Хуҷанд), ССКА «Помир» (Душанбе), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Вахш» (Қӯрғонтеппа) ва «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – барои Ҷоми Тоҷикистон аз даври ҳаштякниҳоӣ мубориза мебаранд. Аввалин бозиҳои ҳаштякниҳоӣ 27-28 май, бозиҳои ҷавобӣ 1-2 июн доир хоҳанд шуд.

Бар асоси дастури мусобиқа барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2017 ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC-2018 мушарраф мешавад. Дар мавриди қаҳрамони кишвар ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидани як бошгоҳ, дар Ҷоми AFC дар мавсими оянда ҷоизадори нуқраи мусобиқаи имсолаи лигаи олӣ ширкат хоҳад кард.

Ҷоми Тоҷикистон

Даври пешакӣ. Бозиҳои аввал

7 май (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

«Локомотив-Помир» – «Ваҳдат»

«Саройкамар» – «Равшан»

«Ҳулбук» – «Маҳаллаи 83»

«Кӯктош» – «Сомон»

«Эсхата» – «Парвоз»

«Зарафшон» – «Исфара»

Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида буд. Душанбегиҳо дар бозии ниҳоӣ, ки 4 ноябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар барпо гардид, бар дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 3:2 (ҳисоби умумӣ – 5:4) пирӯз шуданд.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 барои бори 26-ум баргузор мешавад. Ҳамагӣ даҳ даста барандагони ин Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Гафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1
2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6
2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2, аз рӯи пеналтӣ – 6:5
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2, аз рӯи пеналтӣ – 3:2

XS
SM
MD
LG