Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни мардон, ки бо ширкати 179 варзишгар аз 28 кишвар дар шаҳри Тошканд ҷараён дорад, дар даврҳои муқаддамотӣ чаҳор варзишгари тоҷик ноком шуда, аз идомаи мубориза маҳрум гаштанд.
Асрор Воҳидов, муштзани тоҷик, ки дар нахустин рӯзи мусобиқа дар рақобатҳо дар вазни то 56 кило бар Пуран Рай аз Непал бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуда буд, рӯзи 1 май дар даври дувум аз Руомей Танака аз Ҷопон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд.
Якуми май боз ду варзишгари тоҷик – Фурқатҷони Одилхон дар вазни то 64 кило ва Бахтиёри Мирзомуҳаммад дар вазни то 75 кило –дар аввалин рақобати худ ба нокомӣ дучор шуданд. Фурқатҷон аз муштзани Ҳиндустон Сароҳалуа Лумбантовинг бо ҳисоби 1:4 ва Бахтиёр аз намояндаи Туркманистон Азиз Очилов бо ҳисоби 0:5 мағлуб гаштанд.
Ёдовар мешавем, 30 апрел дар даври аввал муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар вазни то 60 кило аз Умар Ҳасани ироқӣ бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрда буд. Ба ин тартиб, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар пойтахти Узбакистон чаҳор варзишгари дигар тоҷик рӯзҳои 2-3 май вориди рақобат мешаванд.
Имрӯз, 2 май, се варзишгари тоҷик – Бахтиёр Сагизов дар вазни то 52 кило бо Сеневиратне Бандара (Шри-Ланка), Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило бо Шао Ҳю Ҳи (Тайван) ва Сиёвуш Зуҳуров дар вазни аз 91 кило боло бо Ҳайпинг Му (Чин) қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик, дар вазни то 91 кило дар аввалин рақобати худ рӯзи 3 май бо Маҳмуд Санауллоҳ аз Покистон қувваозмоӣ мекунад.
Мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар Тошканд то рӯзи 7 май идома хоҳад кард. Варзишгарон ба ҷуз медалҳо барои роҳхатҳо ба қаҳрамонии бокси ҷаҳон, ки аз 25 август то 4 сентябр дар Ҳамбурги Олмон баргузор мешавад, мубориза мебаранд.
хастай 10 бор мара сур када гапидагиян . одами ба акл Хизмат намера 2 соли хаетша сузона . буд набуд бузаки чингила по буд ....
Ягона рохи мубориза алайхи ин аждахо хамкории зич бо Туркия ва СНГ аст.Дастгирии беминнат ва холис аз барои худованд бародарони уйгур аст.Кортроли чидди ва фидокоронаи журналистон аз накша ва тархи лоихахои ин маккор аст.
Худ казоват кунед мардкум,ки Точикистонро ин холатхо ба 3 мавкеъ таксим кардааст: 1.Зиеди шахрвандани Точикистон ба иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба хотире ки мардикори карда дар Руссия маблаге барои зиндагии оилаи худ меебанд. 2. Хукумати хозира рахгум задааст, барои он,ки побанди карзхои бонкхо ва ташкилотхои гарби мебошад. 3. Авлод тарафи худ кашида истодааст, барои он, ки карзу доляхои зиед ва бизнес бо Хитой доранд. Яъне Точикистон бо 2 дасту 1 пой бастагист. Бо як поча кучо, чи хел, кай, кучо мепарем?...... Рустами Эмомали миена сахт банд бо ин Мероси проблемахои асоси.
Аз ин чинихо дури бояд чуст. Инхо максадошонро ба ягонкас намегуянд. Аммо алакай конуни барои уйгурихо карда ба точикистон низ амали шуда истодааст. То 18сола маньи ба масчид рафтан, масчид махкамкуни, тахсили дини...... Копияи режим ба уйгурихо холо ба точикон рахандози шуда истодааст.
Аз гуфтахои шумо бармеояд, ки танхо шумову Холикназаров Х. шахсони бомаърифату донишманданд дар гурухи мухолифон будед. Бояд шумо икрор мекардед кихо хизмати хирсона карданд, кихо хизмати шоиста. Ба фикри ман шахсоне ки барои шумо вазифа додан дар хукумат ношукри набояд кард. Чунки шумо дар бари онхо таи чанд сол нон мехурден ва хам кадаму хамнафаси онхо будед. Боки худованд ёру нигахдоратон бод.