Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барои бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дар гурӯҳи “D” муқобили “Олой”-и Ӯш шоми 30 апрел ба Қирғизистон расид. Имрӯз, 1 май, даста таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев тамрин кард.
Бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC миёни дастаҳои «Истиқлол», қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон ва «Олой», қаҳрамони секаратаи Қирғизистон, 3 май дар варзишгоҳи ба номи Аҳмадбек Суюмбоеви шаҳри Ӯш соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 15:00 ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.
Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии “Истиқлол”, пеш аз сафари даста ба Қирғизистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки вазифаашон ба даври баъдии мусобиқа роҳ ёфтан аст, бинобар ин танҳо бо мақсади пирӯзӣ пой ба майдон мениҳанд. Ӯ афзуд, “аслан дастаи мо ва тими “Олтин Асир”-и Ишқобод барои роҳхат талош дорем. Шонси ҳарду даста баробар аст. Мо ду бозии навбатиро дар меҳмонӣ мегузаронем, вале туркманҳо ҳарду бозиро дар майдони худ анҷом медиҳанд. Ба назари ман, тақдири роҳхати ягона дар бозии даври охирин миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Олтин Асир”, ки 31 май дар Душанбе барпо мегардад, ҳал хоҳад шуд.”
Ҳайати дастаи “Истиқлол” дар бозӣ муқобили “Олой”:
Дарвозабонҳо: Никола Стошич, Қурбоналӣ Бобоев.
Ҳимоятгарон: Сиёвуш Асроров, Фарҳод Восиев, Дэвид Мавутор, Артём Барановский, Амирбек Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир.
Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Алиев, Эҳсони Панҷшанбе, Дилшод Восиев, Ромиш Ҷалилов.
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Дмитрий Барков, Ҷаҳонгир Эргашев.
Довари ФИФА Фу Чун Хай аз Сингапур сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ба ӯ Онг Чай Ли аз Сингапур ва Озман бин Исмоил аз Малайзия кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба зиммаи довари ФИФА Сукбир Сингх (Сингапур) вогузор шудааст. Абдулраҳмон Муҳаммад Ҳусайн аз Молдив нозири доварон ва Абдул Ғафур Абдул Ҳамид аз Қатар комиссари бозӣ таъин шудаанд.
Дар бозии дигари даври чорум дар гурӯҳи “D” рӯзи чоршанбеи 3 май «Олтин Асир»-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон, дар майдони худ бо “Дордой”-и Бишкек, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Қирғизистон, рақобат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, “Истиқлол” дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи “D” тими “Олой”-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст додааст. Ин бозӣ 18 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда буд.
Баъди натиҷагирии се даври мусобиқа дар гурӯҳи “D” дастаҳои “Истиқлол” ва “Олтин Асир” ҳафтимтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Истиқлол” (6-2) дар мақоми аввал ва “Олтин Асир” (5-2) дар мақоми дувум қарор доранд. Дастаи “Дордой” бо се имтиёз дар мақоми севум аст. Тими “Олой” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.
Ҷоми AFC-2017
Гурӯҳи "D". Минтақаи марказӣ
Даври 1-ум
14 март (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – “Дордой” (Қирғизистон) – 2:0
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 1:2
Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:1
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олой» (Қирғизистон) -1:0
Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон) – 3:1
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 0:2
Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – “Дордой” (Қирғизистон)
Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)
“Дордой” (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)
Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – “Дордой” (Қирғизистон)