Мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни мардон, ки 30 апрел дар шаҳри Тошканд шуруъ шуд, то рӯзи 7 май идома хоҳад кард. Дар ин мусобиқа ҳудуди 180 варзишгар аз 28 кишвар ширкат доранд.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳашт муштзан дохил аст. Дар нахустин рӯзи мусобиқа Асрор Воҳидов, муштзани маъруфи тоҷик, дар рақобатҳо дар вазни то 56 кило бар Пуран Рай аз Непал бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд. Дар даври дувум рақиби ӯ Рямей Танака аз Ҷопон мебошад, ки ҳарду имрӯз, 1 май, қувваозмоӣ мекунанд. Вале муштзани дигари тоҷик Баҳодур Усмонов дар вазни то 60 кило 30 апрел дар даври аввал аз Умар Ҳасан (Ироқ) бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.
Якуми май боз ду варзишгари тоҷик – Фурқатҷони Одилхон дар вазни то 64 кило ва Бахтиёри Мирзомуҳаммад дар вазни то 75 кило вориди рақобат мешаванд. Рақиби Фурқатҷон муштзани Ҳиндустон Сароҳалуа Лумбантовинг ва рақиби Бахтиёр намояндаи Туркманистон Азиз Очилов мебошанд.
Рӯзи 2 май се варзишгари тоҷик – Бахтиёр Сагизов дар вазни то 52 кило бо Сеневиратне Бандара (Шри-Ланка), Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило бо Шао Ҳю Ҳи (Тайван) ва Сиёвуш Зуҳуров дар вазни аз 91 кило боло бо Ҳайпинг Му (Чин) қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Ҷаҳон Қурбонов, муштзани машҳури тоҷик дар вазни то 91 кило дар аввалин рақобати худ рӯзи 3 май бо ғолиби ҷуфти муштзанҳо аз Покистон/Шри-Ланка қувваозмоӣ мекунад.
Варзишгарон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар пойтахти Узбакистон ба ҷуз медалҳо барои роҳхатҳо ба қаҳрамонии бокси ҷаҳон, ки аз 25 август то 4 сентябр дар Олмон баргузор мешавад, мубориза мебаранд.