Пайвандҳои дастрасӣ

ССКА ба дарвозаи “Ҳосилот” чор голи беҷавоб зад


Бозиҳои даври ҳаштуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 29-30 апрел барпо гардиданд. Дар ду бозӣ меҳмонон ва дар як дидор мизбонон пирӯз шуданд.

ССКА «Помир»-и Душанбе дар меҳмонӣ “Ҳосилот”-и Фархорро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод. Меҳдӣ Ҷализӣ, легионери эронӣ, ду гол, Комрони Мирзонаҷот ва Шарафҷон Солеҳов якголӣ заданд. Ин ғалаба ба ССКА “Помир” имкон дод, ки дар ҷадвл ба ҷойи дувум барояд. Вале “Ҳосилот”, ки бори чорум ба нокомӣ дучор шуд, дар ҷадвал ба зинаи чаҳорум фуромад.

«Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дастаи мизбон - «Барқчӣ»-и Ҳисорро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голро Абдухалил Боронов, капитани “Панҷшер”, дар дақиқаи 64-ум аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ бар тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 7-ум ҳимоятгари мизбонон Доробҷон Эргашев боз кард. Пеш аз танаффус Шерзод Муҳаммадиев голи дувуми “Регар-ТадАЗ”-ро ба дарвозаи “Хуҷанд” ворид намуд. Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 71-ум, Манучеҳр Аҳмадов, бозигари меҳмонон, тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонда, ҳисобро тағйир дод. Бояд гуфт, ки ҳимоятгари “Хуҷанд” Бахтиёр Қаландаров дар дақиқаи 75-ум барои бозии дағалона аз майдон хориҷ шуд. Ин бохти дувум “Хуҷанд”-ро дар ҷадвал як зина поин фаровард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии даври ҳаштум миёни дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Истиқлол»-и Душанбе бинобар ширкати қаҳрамони Тоҷикистон дар бозии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) муқобили тими “Олой”-и Ӯш, қаҳрамони Қирғизистон, аз 30 апрел ба 2 июл гузаронида шудааст.

“Истиқлол”, ки аз ҳама камтар – ҳамагӣ шаш бозӣ кардааст, бо 16 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал аст. ССКА “Помир” бо 13 имтиёз дар мақоми дувум ва “Хуҷанд” бо 11 имтиёз дар мақоми севум қарор доранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 8-ум

«Барқчӣ» – «Панҷшер» – 0:1

Гол: Абдухалил Боронов, 64 – аз пеналтӣ.

Огоҳонида шуданд: Зиёвуддин Фузайлов, Мӯҳсинҷон Парпиев, Шериддин Бобоев, Далер Ёдгоров («Барқчӣ»), Фаррух Фузайлов, Беҳрӯз Ниёзов, Абдулатиф Тоҷиаҳмадов, Абдухалил Боронов, Ҳусейн Умаров («Панҷшер»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

29 апрел. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» – 2:1

Голҳо: Доробҷон Эргашев, 7 (1:0). Шерзод Муҳаммадиев, 45 (2:0). Манучеҳр Аҳмадов, 71 – аз пеналтӣ (2:1).

Огоҳонида шуданд: Саидхони Амрохон, Расул Пайзов, Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»), Ҳикматулло Расулов, Соҳибҷон Ҳакимов, Дилшод Каримов, Давронҷон Тухтасунов («Хуҷанд»).

Аз майдон хориҷ шуд: Бахтиёр Қаландаров («Регар-ТадАЗ»), 75

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

30 апрел. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 2000 тамошобин.

«Ҳосилот» – ССКА «Помир» – 0:4

Голҳо: Меҳдӣ Ҷализӣ, 22 (0:1). Меҳдӣ Ҷализӣ, 40 (0:2). Комрони Мирзонаҷот, 43 (0:3). Шарафҷон Солеҳов, 53 (0:4).

Огоҳонида шуданд: Содиқ Мӯсо, Саидалии Сафаралӣ («Ҳосилот»).

Сардовар: Некрӯз Умаров (Қӯрғонтеппа).

30 апрел. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

6

5

1

0

21-3

16

2

ССКА «Помир» (Душанбе)

8

3

4

1

6-3

13

3

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

7

3

2

2

10-6

11

4

«Ҳосилот» (Фархор)

8

3

1

4

9-16

10

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

8

2

3

3

5-8

9

6

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

8

2

2

4

7-11

8

7

«Барқчӣ» (Ҳисор)

8

2

2

4

6-13

8

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

7

1

3

3

2-6

6

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Дилшод Бозоров, Фарҳод Тоҳиров (ҳарду – «Хуҷанд»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Дмитрий Барков («Истиқлол») – 3-тӯбӣ.

Даври 9-ум

6 май (шанбе)

Оғози бозиҳосоати 16:30

«Хуҷанд» – «Барқчӣ»

ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ»

7 май (якшанбе)

Оғози бозӣсоати 16:30

«Вахш» – «Ҳосилот»

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG