Пайвандҳои дастрасӣ

“Истиқлол” – ғолиби давраи аввали мусобиқаи лигаи олӣ


Давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бо пирӯзии “Истиқлол”-и Душанбе ба анҷом расид. Қаҳрамони Тоҷикистон дар бозии мавқуфгузоштаи даври дувум ССКА “Помир”-и Душанберо бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Ин бозӣ 27 апрел дар майдони Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар дараи Алмосии Ҳисор баргузор шуд. Дарвозабони ССКА “Помир” Анатолий Старушенко, легионери украинӣ, ки то ин бозӣ гол нахӯрда буд, се бор маҷбур шуд тӯбро аз тӯри дарвоза бигирад. Ду голи “Истиқлол”-ро ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаҳои 31-ум ва 60-ум (аз пеналтӣ) ба ҳадаф расонд. Зимнан, Манучеҳр бо 10 гол дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқа дар мақоми аввал қарор дорад. Голи севуми мизбононро Дилшод Восиев дар замони изофакардаи сардовар (90+3) ба самар расонд.

Баъди ин пирӯзӣ «Истиқлол» бо 16 имтиёз мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқа мустаҳкам кард. Душанбегиҳо нисбат ба дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ки дар зинаи дувуми ҷадвал қарор дорад, панҷ имтиёз зиёдтар гирифтаанд. ССКА “Помир”, ки дар мусобиқаи имсола барои аввалин бор шикаст хӯрд, пас аз “Ҳосилот”-и Фархор бо даҳ имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудааст.

Давраи дувуми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзи шанбеи 29 апрел бо бозӣ миёни дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо мегардад, шуруъ мешавад. Ду бозии дигар рӯзи якшанбеи 30 апрел байни дастаҳои «Ҳосилот» - ССКА «Помир” ва «Регар-ТадАЗ» - «Хуҷанд» доир хоҳад шуд. Бозиҳои даври ҳаштум соати 16:30 оғоз меёбанд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, боз як бозии даври навбатӣ миёни дастаҳои «Вахш» ва «Истиқлол» бинобар ширкати қаҳрамони Тоҷикистон дар бозии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) муқобили тими “Олой”-и Ӯш, қаҳрамони Қирғизистон, аз 30 апрел ба 2 июл гузаронида шудааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии мавқуфгузоштаи даври 2-юм

«Истиқлол» – ССКА «Помир» – 3:0

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 31 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 60 – аз пеналтӣ (2:0). Дилшод Восиев, 90+3 (3:0).

Огоҳонида шуданд: Нуриддин Давронов, Амирбек Ҷӯрабоев («Истиқлол»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

27 апрел. Алмосӣ, Ҳисор. Майдони эҳтиётии Академияи ФФТ. 300 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

6

5

1

0

21-3

16

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

6

3

2

1

9-4

11

3

«Ҳосилот» (Фархор)

7

3

1

3

9-12

10

4

ССКА «Помир» (Душанбе)

7

2

4

1

2-3

10

5

«Барқчӣ» (Ҳисор)

7

2

2

3

6-12

8

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

7

1

3

3

3-7

6

7

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

7

1

3

3

2-6

6

8

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

7

1

2

4

6-11

5

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Дилшод Бозоров, Фарҳод Тоҳиров (ҳарду – «Хуҷанд»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Дмитрий Барков («Истиқлол») – 3-тӯбӣ.

Даври 8-ум

29 апрел (шанбе)

Оғози бозӣсоати 16:30

«Барқчӣ» – «Панҷшер»

Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

30 апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:30

«Ҳосилот» – ССКА «Помир»

Фархор, Варзишгоҳи марказӣ

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG