Пайвандҳои дастрасӣ

Мусовии дастаҳои мунтахаби ҷавонони Узбакистону Тоҷикистон


Дастаи мунтахаби футзали ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон бозии дувуми дӯстонаро бо тими ҷавонони Узбакистон, ки рӯзи 26 апрел дар маҷмааи варзишии “Ӯзбекистон”-и шаҳри Тошканд барпо гардид, бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод. Ҳарду голи мунтахаби Тоҷикистонро Файзалӣ Сардоров ба самар расонд.

Ёдовар мешавем, дар бозии аввали дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Узбакистону Тоҷикистон, ки рӯзи 25 апрел дар маҷмааи варзишии “Универсал”-и Тошканд доир шуда буд, футболбозони тоҷик бо ҳисоби 7:4 пирӯз гардиданд. Се голи мунтахаби Тоҷикистонро Файзалӣ Сардоров ба ҳадаф расонд. Умед Қӯзиев, Шоҳрух Ҳамидов, Насим Шарифов ва Иқбол Воситзода якголӣ заданд.

Ин бозиҳои дӯстона дар доираи омодагии ҳарду даста ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2017 баргузор шуданд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон 26 апрел хабар доданд.

Бозии дӯстона

Узбакистон (U-20) – Тоҷикистон (U-20) – 2:2

Голҳо: Файзалӣ Сардоров, 4 (0:1). Акбар Усмонов, 5 (1:1). Файзалӣ Сардоров, 8 (1:2). Хушнур Эркинов, 11 (2:2).

Узбакистон: Мирислом Миралиев, Хушнур Эркинов, Илҳом Ҳамроев, Акбар Усмонов, Аслӣ Муҳаммадиев, Равшан Исматуллаев, Ҳусниддин Нишонов, Меҳроҷ Худойбердиев, Рамил Алмамедов, Олим Воҳидов, Дониёр Тоҳиров, Муҳаммад Комилов, Ботир Ризоев, Шоҳҷаҳон Шоназаров, Суннат Анваров, Саид Ризо Миршарофов.

Тоҷикистон: Фирӯз Бекмуродов, Файзалӣ Сардоров, Насим Шарифов, Муҳаммад Раҷабов, Шоҳрух Ҳамидов, Умед Қӯзиев, Масрур Мамадҳакимов, Рабӣ Рабиев, Сомон Саидзода, Алишер Шарифов, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода.

26 апрел. Тошканд. Маҷмааи варзишии «Ӯзбекистон».

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола дар гурӯҳи «В» бо тимҳои Ветнам, Ҷопон, Тайван ва Индонезия рақобат мекунад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 21 даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудааст, ки якеаш аз шаш даста ва се гурӯҳи дигар аз панҷдастаӣ иборатанд. Мувофиқи дастури мусобиқот, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври баъдӣ роҳ ёфта, ҷуфтҳои чаҳорякниҳоиро ташкил медиҳанд. Сипас мусобиқот аз рӯи системи олимпӣ сурат мегирад, яъне дастаи мағлубшуда аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум мегардад.

Аввалин мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2017 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола аз 16 то 26 май дар Бангкок баргузор мешавад.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2017 оид ба футзалмиёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-20):

Гурӯҳи «А»: Тайланд, Ироқ, Малайзия, Бруней, Баҳрайн, Афғонистон.

Гурӯҳи «В»: Ветнам, Ҷопон, Тайван, Тоҷикистон, Индонезия.

Гурӯҳи «С»: Узбакистон, Қатар, Лубнон, Мянмар, Ҳонконг.

Гурӯҳи «D»: Эрон, Қирғизистон, Чин, Муғулистон, ИМА.

XS
SM
MD
LG