Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бозиҳои даври дувуми лигаи аввали футболи Тоҷикистон дастаҳои «Маҳаллаи 83» (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ) ва «Саройкамар» (Панҷ), ки пирӯз шуданд, дар ҷадвали мусобиқа бо шашимтиёзӣ пешсафанд.

Дастаи «Маҳаллаи 83» тими меҳмон - «Зарафшон»-и Панҷакентро бо ҳисоби бузурги 5:1 шикаст дод. «Кӯктош» дар меҳмонӣ «Локомотив-Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 мағлуб сохт. Ғолиби мусобиқаи соли гузаштаи лигаи аввал - «Саройкамар» - дар майдони худ бар тими «Ҳулбук»-и Восеъ бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад.

Бозиҳои дигари даври дувум бо чунин натиҷаҳо хотима ёфтанд: «Сомон» (Данғара) - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – 2:2, «Эсхата» (Хуҷанд) – «Ваҳдат» (Ваҳдат) - 2:3, «Зарбдор» (Исфара) - «Равшан» (Кӯлоб) – 3:2.

Бозиҳои даври севуми лигаи аввали Тоҷикистон рӯзҳои 28-29 апрел баргузор мешаванд. Рӯзи ҷумъа се бозӣ миёни дастаҳои «Кӯктош» – «Саройкамар», «Равшан» – «Локомотив-Помир», «Зарафшон» – «Зарбдор» ва рӯзи шанбе се бозии дигар байни тимҳои «Ваҳдат» – «Маҳаллаи 83», «Парвоз» – «Эсхата» ва «Ҳулбук» – «Сомон» барпо мегарданд.

Мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон. Даври 2-юм

«Саройкамар» – «Ҳулбук» 2:0

Голҳо: Анварҷон Авазов, 38 (1:0). Соҳибҷон Ваҳҳобов, 78 (2:0).

20 апрел. Ҷалолиддин Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 3000 тамошобин.

«Сомон» – «Парвоз» 2:2

Голҳо: Диловар Бойқӯзиев, 3 – ба дарвозаи худ (1:0). Диловар Бойқӯзиев, 27 (1:1). Хайрулло Қодиров, 33 (2:1). Ғафур Мадаминов, 75 (2:2).

20 апрел. Данғара. Варзишгоҳи марказӣ. 3000 тамошобин.

«Эсхата» – «Ваҳдат» 2:3

Голҳо: Муҳаммад Ҳасанов, 24 (1:0). Фирӯз Бобиев, 44 (1:1). Маҳмадлоиқ Нуриддинов, 61 (1:2). Рустам Сабуров, 79 (2:2). Мунир Давлатбеков, 86 (2:3).

20 апрел. Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Хистеварз». 100 тамошобин.

«Маҳаллаи 83» – «Зарафшон» 5:1

Голҳо: Сафаралӣ Аҳмад, 6 (1:0). Сафаралӣ Аҳмад, 35 (2:0). Ҷастис Агией Канкам, 65 (3:0). Сафаралӣ Аҳмад, 68 (4:0). Хайём Усмонов, 80 (4:1). Ҷастис Агией Канкам, 87 (5:1).

20 апрел. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

«Зарбдор» – «Равшан» 3:2

Голҳо: Насибулло Акрамов, 28 (1:0). Аваз Камчинов, 50 (1:1). Сиёвуш Назирмадов, 74 (1:2). Абдураҳим Раҳимов, 88 (2:2). Парвиз Деҳқонов, 90+1 (3:2).

21 апрел. Исфара. Варзишгоҳи марказӣ. 600 тамошобин.

«Локомотив-Помир» – «Кӯктош» 0:1

Гол: Далер Қурбонов, 90+1.

21 апрел. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 250 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Маҳаллаи 83» (Душанбе)

2

2

0

0

9-2

6

2

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

2

2

0

0

5-2

6

3

«Саройкамар» (Панҷ)

2

2

0

0

3-0

6

4

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

2

1

1

0

4-3

4

5

«Эсхата» (Хуҷанд)

2

1

0

1

4-3

3

6

«Зарбдор» (Исфара)

2

1

0

1

5-6

3

7

«Ҳулбук» (Восеъ)

2

1

0

1

3-4

3

8

«Сомон» (Данғара)

2

0

2

0

3-3

2

9

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

2

0

1

1

4-5

1

10

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

2

0

0

2

0-2

0

11

«Равшан» (Кӯлоб)

2

0

0

2

3-7

0

12

«Зарафшон» (Панҷакент)

2

0

0

2

1-7

0

Нишонзани беҳтарин: Ҷастис Агией Канкам («Маҳаллаи 83») – 5 тӯб.

Даври 3-юм:

28 апрел (ҷумъа)

Оғози бозӣсоати 16:30

«Кӯктош» – «Саройкамар»

«Равшан» – «Локомотив-Помир»

«Зарафшон» – «Зарбдор»

29 апрел (шанбе)

Оғози бозиҳосоати 16:30

«Ваҳдат» – «Маҳаллаи 83»

«Парвоз» – «Эсхата»

«Ҳулбук» – «Сомон»

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG