Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе пас аз пирӯзӣ бар тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 2:0 дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон боз ба зинаи аввал баромад.

Ин бозии охирини даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон шоми 24 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо гардид. Тақдири бозӣ дар нимаи аввали дидор ҳал шуд. Мизбонон ба дарвозаи меҳмонон ду голи беҷавоб заданд. Ҳисобро дар дақиқаи 9-ум Фатҳулло Фатҳуллоев, капитани даста, бо зарбаи сахти ҷаримавӣ боз кард. Голи дувумро Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 25-ум ба ҳадаф расонд.

Ин пирӯзӣ ба «Истиқлол» имкон дод, ки бо 13 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа садрнишин шавад. Ба иттилои бошгоҳи футболи “Истиқлол”, қаҳрамони Тоҷикистон бозии мавқуфгузоштаи даври дувуми мусобиқаро бо тими ССКА «Помир» 27 апрел дар майдони Академияи Федератсияи футболи кишвар, дар дараи Алмосии Ҳисор, анҷом медиҳад.

Бозиҳои даври ҳаштуми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзҳои 29-30 апрел миёни дастаҳои «Барқчӣ» – «Панҷшер», «Вахш» – «Истиқлол», «Ҳосилот» – ССКА «Памир» ва «Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» баргузор мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии даври 7-ум

«Истиқлол» – «Вахш» – 2:0

Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 9 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 25 (2:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев, Амирбек Ҷӯрабоев, Ромиш Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Фарҳод Восиев, Ҷаҳонгир Алиев (Манучеҳр Ҷалилов, 46), Фатҳулло Фатҳуллоев (Нуриддин Давронов, 46), Эҳсони Панҷшанбе, Фаридун Шарифов (Соҳиб Саванқулов, 74), Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Восиев.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Баҳовиддин Холиқов, Холмурод Назаров, Азим Раҳмонов, Хуршед Бекназаров, Акмал Сабуров (Валиҷон Зарифов, 86), Умарҷон Шарифов, Худойдод Узоқов, Ҷамолиддин Зардиев, Собирҷон Холматов (Парвиз Саидмуродов, 46), Далер Умаров, Парвиз Охунов.

Огоҳонида шуданд: Табрези Давлатмир, Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»), Баҳовиддин Холиқов, Худойдод Узоқов («Вахш»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

24 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

5

4

1

0

18-3

13

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

6

3

2

1

9-4

11

3

«Ҳосилот» (Фархор)

7

3

1

3

9-12

10

4

ССКА «Помир» (Душанбе)

6

2

4

0

2-0

10

5

«Барқчӣ» (Ҳисор)

7

2

2

3

6-12

8

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

7

1

3

3

3-7

6

7

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

7

1

3

3

2-6

6

8

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

7

1

2

4

6-11

5

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 8 тӯб, Дилшод Бозоров, Фарҳод Тоҳиров (ҳарду – «Хуҷанд»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Дмитрий Барков («Истиқлол») – 3-тӯбӣ.

Бозии мавқуфгузоштаи даври 2-юм

27 апрел (панҷшанбе)

Оғози бозӣсоати 16:30

«Истиқлол» ССКА «Помир»

Даври 8-ум

29 апрел (шанбе)

Оғози бозӣ соати 16:30

«Барқчӣ» «Панҷшер»

30 апрел (якшанбе)

Оғози бозӣсоати 16:30

«Вахш» «Истиқлол»

«Ҳосилот» ССКА «Помир»

«Регар-ТадАЗ» «Хуҷанд»

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG