Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Хуҷанд” , “Барқчӣ” ва ССКА дар даври ҳафтум


Рӯзҳои 22-23 апрел се бозии даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. Дар ду бозӣ мизбонон ва дар як дидор меҳмонон пирӯзӣ ба даст оварданд.

Рӯзи шанбе, 22 апрел, дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ тими «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби бузурги 3:0 шикаст дод. Дар нимаи аввали дидор Далерҷон Тухтасунов як гол ва дар нимаи дувум Фарҳод Тоҳиров ду гол заданд.

Дар бозии дигари рӯзи шанбе дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор дар меҳмонӣ бар тими «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Голҳои меҳмононро Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев ва Зиёвуддин Фузайлов ба самар расонданд. Ду тӯбро бозигарони мизбонон Фирдавс Зайнуллозода ва Алишери Ҳотам ба дарвозаи “Барқчӣ” ворид карданд.

Бозии севуми даври ҳафтум рӯзи якшанбе, 23 апрел, дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар миёни дастаҳои ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор барпо гардид. Дастаи мизбон – ССКА “Помир” – бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Голи ягонаро баъди зарбаи Фирдавс Чақалов легионери африқоии “Ҳосилот” аз Гана Акуффо Гершон дар дақиқаи 87-уми бозӣ ба дарвозаи дастааш зад.

Ёдовар мешавем, Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими "Ҳосилот", баъди бохти дастааш ба ССКА “Помир” бо хоҳиши худ аз вазифааш истеъфо дод. Бояд гуфт, ки ин аввалин истеъфои сармураббии тими Лигаи олӣ дар мавсими имсолаи футболи Тоҷикистон аст.

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев рӯзи 23 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сабаби аслии истеъфояш ба мушкили молии даста рабт дорад. “Хеле барвақт мехостам, ки аз ин мақом биравам. Чанд бор ваъда карданд, ки вазъ беҳтар мешавад, аммо нашуд. Имрӯз фурсаташ буд ва ман ҳам қарорамро эълон кардам", - афзуд ӯ.

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев мегӯяд, беш аз чаҳор моҳ боз аъзои дастаи “Ҳосилот” маош нагирифтаанд ва ба ин далел бархе аз бозигарони калидӣ, аз ҷумла Иброҳим Рабимов, Ойбек Абдуғаффоров ва легионери узбакистонӣ Сайриддин Ғаффоров, дастаро тарк намудаанд. Дар ҳайати даста, ба қавли ӯ, "аз бозигарони асосӣ ҳамагӣ дувоздаҳ нафар монданд, ки се нафарашон легионерҳои африқоӣ аз Гана – Содиқ Мӯсо, Акуффо Гершон ва Агблей Ҷонс – мебошанд."

"Даста ба ҳимояту кӯмаки молӣ ниёз дорад. Соли гузашта ба даста раиси собиқи ноҳияи Фархор ҳамаҷониба кӯмак мекард, вале раҳбарияти феълӣ ба муроҷиати масъулони даставу мухлисон бетаваҷҷуҳӣ намуд”, - гуфт Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев.

"Ҳосилот" ба мисли дастаҳои пурмухлистарин – "Равшан"-и Кӯлоб, "Далерон-Ӯротеппа"-и Истаравшан ва "Хайр"-и Ваҳдат ҳазорон ҳаводорашро хушнуд мекард. Вале имрӯз бо ин дастаҳо ҳамтақдир шуда, дар сурати ҳимояти молӣ наёфтан бо Лигаи олӣ худоҳофизӣ хоҳад кард.

Даври ҳафтуми мусобиқа 24 апрел бо бозӣ миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ба поён мерасад. Ин бозӣ имрӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 18:30 шуруъ мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 7-ум

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» – 3:0

Голҳо: Давронҷон Тухтасунов, 30 (1:0). Фарҳод Тоҳиров, 60 (2:0). Фарҳод Тоҳиров, 70 (3:0).

Огоҳонида шуданд: Далерҷон Тухтасунов, Соҳибҷон Ҳакимов, Ҳикматулло Расулов («Хуҷанд»), Бахтиёр Чориев, Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

22 апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи “ 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 700 тамошобин.

«Панҷшер» – «Барқчӣ» – 2:3

Голҳо: Шериддин Бобоев, 13 (0:1). Фирдавс Зайнуллозода, 35 (1:1). Шаҳром Самиев, 37 (1:2). Алишери Ҳотам, 86 (2:2). Зиёвуддин Фузайлов, 90+1 (2:3).

Огоҳонида шуданд: Равшан Азизов, Алишер Салимов, Алишери Ҳотам, Абдухалил Боронов («Панҷшер»), Шаҳром Самиев, Оятулло Сафаров, Кароматулло Саидов («Барқчӣ»).

Сардовар: Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа).

22 апрел. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 4000 тамошобин.

ССКА «Помир» – «Ҳосилот» - 1:0

Гол: Акуффо Гершон, 87 - ба дарвозаи дастааш

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

23 апрел, Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор», 500 тамошобин.

24 апрел (душанбе)

Оғози бозӣсоати 18:30

«Истиқлол» – «Вахш»

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

6

3

2

1

9-4

11

2

«Истиқлол» (Душанбе)

4

3

1

0

16-3

10

3

“Ҳосилот” (Фархор)

7

3

1

3

9-2

10

4

ССКА «Помир» (Душанбе)

6

2

0

4

2-0

10

5

«Барқчӣ» (Ҳисор)

7

2

2

3

6-12

8

6

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

6

1

3

2

2-4

6

7

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

7

1

3

3

3-7

6

8

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

7

1

2

4

6-11

5

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 8 тӯб, Дилшод Бозоров, Фарҳод Тоҳиров (ҳарду – «Хуҷанд»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Дмитрий Барков («Истиқлол») – 3-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG