Бар асоси қуръакашӣ, ки имрӯз, 21 апрел, дар қароргоҳи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) – дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия - доир шуд, дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» бо тимҳои мунтахаби Умон, Сурия, Туркманистон ва Молдив рақобат мекунад. Мусобиқаи ин гурӯҳ дар Тоҷикистон барпо мегардад.
Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 бо ширкати 45 даста дар ду минтақа – Ғарбӣ (23) ва Шарқӣ (22) - аз 16 то 24 сентябри соли равон доир мешавад. Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 10 гурӯҳ ташкил шудааст.
Ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 16-сола, ки соли оянда баргузор мешавад, ғолибони 10 гурӯҳ ва 5 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум роҳ меёбанд.
Натиҷаи қуръакашии мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 16-сола:
Минтақаи ғарбӣ
Гурӯҳи «А»: Узбакистон, Арабистони Саудӣ (мизбон), Урдун, Баҳрайн, Шри-Ланка.
Гурӯҳи «B»: Умон, Тоҷикистон (мизбон), Сурия, Туркманистон, Молдив.
Гурӯҳи «С»: Эрон (мизбон), Қирғизистон, Афғонистон, Лубнон, Бутан.
Гурӯҳи «D»: Ироқ, Ҳиндустон, Фаластин, Непал (мизбон).
Гурӯҳи «E»: ИМА, Яман, Қатар (мизбон), Бангладеш.
Минтақаи шарқӣ
Гурӯҳи «F»: Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Тайван, Макао, Бруней. Гурӯҳи «G»: Тайланд (мизбон), Лаос, Тимори шарқӣ, Ҷазоири Мариани шимолӣ, Индонезия.
Гурӯҳи «H»: Кореяи ҷанубӣ, Чин, Мянмар, Филиппин.
Гурӯҳи «I»: Ветнам, Австралия, Муғулистон (мизбон), Камбоҷа.
Гурӯҳи «J»: Ҷопон, Малайзия, Сингапур, Гуам.