Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии паҳлавони тоҷик дар Владивосток


Муҳаммадризо Қурбонзада, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии дараҷаи «А» оид ба самбо «Ёдбуди Юрий Потапов», ки рӯзҳои 15-16 апрел дар шаҳри Владивостоки Русия баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ мутахассиси тоҷик Маҳмуд Абдуллоев, муовини сардовари ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки узви кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) мебошад, рӯзи 17 апрел аз шаҳри Владивостоки Русия хабар дод.

Вай афзуд, “дар ин мусобиқаи ҷашнии байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи Юрий Потапов, аввалин президенти Федератсияи самбо ва ҷудои Приморе ва ноиби президенти Федератсияи умумирусиягии самбо, беш аз 150 варзишгар (мардону занон) аз 15 кишвари Аврупову Осиё ширкат доштанд. Ба ҷуз гуштигирони ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ - Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Украина ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони Исроил, Кореяи Ҷанубӣ, Муғулистон, Олмон, Руминия, Фаронса ва Финляндия барои ҷоизаҳо мубориза бурданд. Ин мусобиқа сар аз соли 1998 барои бори 20-ум баргузор шуд.”

Ба гуфтаи оқои Абдуллоев, паҳлавони тоҷик Муҳаммадризо Қурбонзода дар рақобатҳо дар вазни зери 100 килограмм дар аввалин қувваозмоияш бар Бабкен Киракосян аз Русия пирӯз шуд. Вале ӯ дар даври баъдӣ аз Иля Лукашуки русиягӣ, ки ғолиби ин мусобиқа гардид, мағлуб гашт.

Муҳаммадризо Қурбонзода барои ҷойи севум Владимир Шелеги русиягиро шикаст дода, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Дар ин вазн Иля Лукашук, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар ҳаватани худ Олег Спасенников ғолиб омад, соҳиби медали тилло гардид.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ Тоҷикистонро ба ҷуз Муҳаммадризо Қурбонзода боз як гуштигир – Шуҷоъ Раҷабов – дар вазни зери 74 килограмм намояндагӣ кард. Вале ӯ дар даври муқаддамотӣ ноком шуд.

XS
SM
MD
LG