Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии варзишгарони Эфиопия ва Қирғизистон дар ниммарафони Душанбе


Ниммарафони VIII байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон бо пирӯзии варзишгарони Эфиопия ва Қирғизистон ба поён расид. Дар ин ниммарафон, ки 15 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ба ҷуз варзишгарони тоҷик, давандаҳои ҳирфаӣ аз Афғонистон, Беларус, Бразилия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Олмон, Покистон, Русия, Ӯзбекистон, Украина, Фаронса, Ҳиндустон, Чин, Шведсия, Эрон ва Эфиопия ширкат карданд.

Ниммарафони байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97,5 метрро дарбар гирифт, аз рӯи масири дав – “Наврӯзгоҳи пойтахт” – хиёбони Ҳофизи Шерозӣ – маҳаллаи Хоҷамбиё – дидбонгоҳи Чорбоғ – хиёбони Рӯдакӣ – майдони “Дӯстӣ” (назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ) - доир гашт. Дар пойга 113 мард ва 21 зан ширкат доштанд.

Дар сабқати мардон Тилаҳун Гирма аз Эфиопия бо натиҷаи 1 соату 4 дақиқаю 58 сония мақоми аввалро касб кард. Самуэл Вайтака Майна аз Кения (1:06,03) мақоми дувум ва Адилет Киштанбеков аз Қирғизистон (1:06,24) мақоми севумро соҳиб шуданд.

Дар сабқати занон Виктория Полюдина аз Қирғизистон бо натиҷаи 1 соату 13 дақиқаю 19 сония ғолиб шуд. Юлия Шматенко аз Украина (1:13,51) мақоми дувум ва Ситора Ҳамидова аз Ӯзбекистон (1:14,19) мақоми севумро ишғол карданд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Людмила Нестерова, саркотиби ниммарафони VIII байналмилалӣ, рӯзи 17 апрел хабар дод. Вай афзуд, “аз байни варзишгарони тоҷик Меҳрангез Назарова ва Ҳасан Ғаффоров натиҷаҳои хубтарро нишон доданд. Меҳрангез бо натиҷаи 1:29,50 миёни занон ҳафтум ва Ҳасан бо натиҷаи 1:11,17 байни мардон ҳаштум шуданд.”

Ниммарафони байналмилалӣ, ки бо тасмими раиси шаҳри Душанбе сар аз соли 2010 барои ҳаштумин бор барпо гардид, баҳри сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимои дошта баргузор шуд.

Бояд тазаккур дод, ки ниммарафони байналмилалии Душанбе аз соли 2014-ум ба тақвими мусобиқоти байналмилалии дави ҷаҳонӣ шомил шудааст.

Шаҳрдорӣ барои баргузории ниммарафони VIII байналмилалӣ 316 ҳазору 620 сомонӣ (ҳудуди 38 ҳазор доллари ИМА) ихтисос дод. Варзишгароне, ки дар ин ниммарафон миёни занону мардон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро гирифтанд, бо ҷоизаҳои молии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз шуданд: барои ҷойи аввал - 28 ҳазору 700 сомонӣ, ҷойи дувум - 24 ҳазору 600 сомонӣ, ҷойи севум - 20 ҳазору 500 сомонӣ, ҷойи чорум - 16 ҳазору 400 сомонӣ, ҷойи панҷум - 14 ҳазору 760 сомонӣ, ҷойи шашум – 12 ҳазору 300 сомонӣ.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар ниммарафони байналмилалӣ Либога Вилсон аз Кения байни мардон ва Даря Маслова аз Қирғизистон миёни занон ғолиб шуда буданд.

Ғайрат Неъматов, сардовари ниммарафони VIII байналмилалӣ, рӯзи 17 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки давандаҳои Тоҷикистон дар ҳашт давраи ниммарафони байналмилалӣ ҳеҷ гоҳ ғолиб нашудаанд ва ҷойҳои дувуму севумро ҳам соҳибӣ накардаанд. Ба қавли ӯ натиҷаҳои беҳтарини варзишгарони тоҷик дар ин ниммарафон танҳо ҷойҳои чорум мебошад. Ҳасан Ғаффоров ду бор (солҳои 2013 ва 2016) байни мардон ва Надима Мирзоева як маротиба (соли 2010 ) миёни занон ҷойҳои чорумро соҳиб шуда буданд.

Ғолибони ниммарафони байналмилалӣ:

Занон

2010 – Надежда Поволяева (Русия)

2011 – Алёна Самохвалова (Русия)

2012 – Камила Ханипова (Русия)

2013 – Александра Дулиба (Беларус)

2014 – Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон)

2015 – Юлия Чиженко (Русия)

2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)

Мардон

2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)

2011 – Михаил Биков (Русия)

2012 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)

2013 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)

2014 – Роман Романенко (Украина)

2015 – Юрий Чечун (Русия)

2016 – Либога Вилсон (Кения)

2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG