Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як пирӯзӣ ва се мусовӣ дар даври шашуми лигаи олӣ


T
T

Дар даври шашуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки рӯзҳои 14-16 апрел баргузор шуд, як дидор бо пирӯзии “Истиқлол”-и Душанбе ва се бозӣ бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт.

“Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бар тими “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ҳисобро Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари “Истиқлол” ва беҳтарин нишонзани мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон, дар дақиқаи 20-уми дидор боз кард. Голи ҷавобиро дар дақиқаи 58-ум Беҳрӯз Ниёзов ба ҳадаф расонд. Голи дувум ва ҳалкунандаи “Истиқлол”-ро Дмитрий Барков, легионери русиягӣ», дар дақиқаи 66-ум бо зарбаи сар ба дарвозаи меҳмонон ворид намуд.

Ду бозии дигари даври шашум миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода – ССКА «Помир»-и Душанбе ва “Ҳосилот”-и Фархор – “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бидуни гол ба анҷом расид.

Бозӣ байни дастаҳои “Барқчӣ”-и Ҳисор – “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ки дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо гардид, бо ҳисоби 1:1 поён ёфт. Ба голи дар дақиқаи 11–уми бозӣ задаи Далер Ёдгоров, бозигари “Барқчӣ”, Фарҳод Тоҳиров дар дақиқаи 69-ум бо гол посух дод.

Дастаҳои “Истиқлол” ва “Ҳосилот” даҳимтиёзӣ доранд, вале душанбегиҳо ду бозӣ камтар кардаанд. Бо дарназардошти пирӯзии “Истиқлол” бар “Ҳосилот” ва таносуби беҳтари тӯбҳо қаҳрамони Тоҷикистон дар ҷадвали мусобиқа зинаи аввалро касб кардааст. “Ҳосилот” дар зинаи дувум мебошад. Тими «Хуҷанд» бо ҳашт имтиёз дар зинаи севум қарор дорад.

Ҳамакнун қаҳрамони Тоҷикистон – “Истиқлол” - дар даври севуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 рӯзи сешанбеи 18 апрел бо «Олой»-и Ӯш, қаҳрамони Қирғизистон, рақобат мекунад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 6-ум

«Истиқлол» – «Панҷшер» – 2:1

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 20 – аз пеналтӣ (1:0). Беҳрӯз Ниёзов, 58 (1:1). Дмитрий Барков, 66 (2:1).

Огоҳонида шуданд: Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Беҳрӯз Ниёзов, Равшан Азизов («Панҷшер»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

14 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.

«Регар-ТадАЗ» – ССКА «Помир» - 0:0

Огоҳонида шуданд: Саидхони Амрохон («Регар-ТадАЗ»), Комрони Мирзонаджот, Комрони Мирзохон, Махмадали Садыков (ЦСКА «Памир»).

Сардовар: Умед Раҳимов (Қӯронтеппа).

15 апрел. Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО - Арена», 3000 тамошобин.

«Барқчӣ» – «Хуҷанд» - 1:1

Голҳо: Далер Ёдгоров, 11 (1:0). Фарҳод Тоҳиров, 69 (1:1).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзаде).

Огоҳонида шуданд: Ваҳдат Ханонов («Барқчӣ»), Фарҳод Тоҳиров, Эҳсон Бобоев («Хуҷанд»).

16 апрел. Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 300 тамошобин.

«Ҳосилот» – «Вахш» - 0:0

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Огоҳонида шуданд: Акуффо Гершон, Сафаралӣ Каримов («Ҳосилот»), Умарҷон Шарифов, Баҳовиддин Холиқов («Вахш»).

16 апрел. Фархор, Варзишгоҳи марказӣ, 3000 тамошбин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

4

3

1

0

16-3

10

2

«Ҳосилот» (Фархор)

6

3

1

2

9-11

10

3

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

5

2

2

1

6-4

8

4

ССКА «Помир» (Душанбе)

5

1

4

0

1-0

7

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

6

1

3

2

3-4

6

6

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

6

1

3

2

2-4

6

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

6

1

2

3

4-8

5

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

6

1

2

3

3-10

5

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 8 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Дмитрий Барков («Истиқлол») – 3-тӯбӣ.

Даври 7-ум

22 апрел (шанбе)

«Хуҷанд» «Регар-ТадАЗ»

«Панҷшер» «Барқчӣ»

23 апрел (якшанбе)

«Вахш» «Истиқлол»

ССКА «Помир» «Ҳосилот»

Оғози бозиҳо соати 16:00

XS
SM
MD
LG