Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Олой» барои бозӣ муқобили “Истиқлол” ба Душанбе омад


Дастаи “Олой”-и шаҳри Ӯш, қаҳрамони Қирғизистон, барои бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дар гурӯҳи “D” муқобили тими “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, рӯзи 16 апрел ба Душанбе омад.

Ба ҳайати даста 26 нафар, аз он ҷумла 18 футболбоз дохиланд, ки 4 нафарашон легионер мебошанд. Дарвоқеъ, дарвозабони асосии мунтахаби Қирғизистон Абдуазиз Маҳкамов аз Тоҷикистон аст.

Аъзои дастаи “Олой” дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” ҷойгир шудааст. Футболбозони қирғиз бегоҳи якшанбе дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе тамрин карданд.

Ҳайати «Олой дар бозӣ бо «Истиқлол»

ДарвозабонҳоАбдуазиз Маҳкамов (Тоҷикистон), Марат Мамасодиқов, Абдулнур Мамитов.

ҲимоятгаронИлёс Олимов, Шӯҳрат Раҳмонов, Нурсултан Отамирзоев, Бекбулат Акматалиев, Акрамҷон Умаров, Улуғбек Рисқулов.

НимҳимоятгаронСидибе Модибо (Нигерия), Бакит Маматов, Аброр Қодиралиев, Одилҷон Абдураҳмонов, Абдурашид Саидраҳмонов.

Ҳамлагарон - Умарбек Тухтасинов (Ӯзбекистон), Мақсад Олимов, Владимир Верёвкин, Алиа Силла (Гвинея).

Сармураббӣ: Неъмат Кошоков

Бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC миёни дастаҳои «Истиқлол», қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон ва «Олой», қаҳрамони секаратаи Қирғизистон, 18 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.

Довари ФИФА Хироюки Кимураи 34-сола аз Ҷопон сардовари бозӣ миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Олой” таъин шудааст. Ба ӯ ҳамдиёронаш - ёварони довари ФИФА Наги Тошиюки ва Синдзи Очи - кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба зиммаи довари ФИФА Аҳмад Яъқуб Иброҳим аз Урдун вогузор шудааст. Анас Хакан аз Австралия нозири доварон ва Бачир Шафиқ Абдул Холиқ аз Лубнон комиссари бозӣ мебошанд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ рӯзи сешанбе “Дордой”-и Ӯш, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Қирғизистон, дар майдони худ бо «Олтин Асир»-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон, рақобат хоҳад кард.

Баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа дар гурӯҳи “D” дастаҳои “Истиқлол” ва “Олтин Асир” чоримтиёзӣ ба даст овардаанд. Дастаи “Дордой” се имтиёз гирифтааст. Вале тими “Олой” имтиёз надорад.

Ҷоми AFC-2017
Гурӯҳи "D". Минтақаи марказӣ

Даври 1-ум
14 март (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – “Дордой” (Қирғизистон) – 2:0
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 1:2

Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:1
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олой» (Қирғизистон) -1:0

Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон)
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – “Дордой” (Қирғизистон)

Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)
“Дордой” (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – “Дордой” (Қирғизистон)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG