Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари мушовири Доналд Трамп ба Афғонистон


Генерал Ҳерберт Макмастер

Ба думболи партоби бузургтарин бомб дар Афғонистон, ки тақрибан 100 тундравро кушт, Ҳерберт Макмастер, мушовири амнияти миллӣ дар ҳукумати Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико вориди Афғонистон шуд.

Қарор аст, ӯ бо мақомоти Афғонистон дидору мулоқот кунад ва дар замоне, ки ҳукумати Доналд Трамп сиёсати Амрико дар баробари Афғонистонро баррасӣ дорад. Рӯзи 13-уми апрел нерӯҳои амрикоӣ дар вилояти Нангарҳор барои маҳви нақбҳои гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ бори аввал бомби ғайриҳастаии бузургеро ба кор бурданд ва дасти кам 100 ҷангҷӯро куштанд.

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида то кунун ба ояндаи сиёсати кишвар дар Афғонистонро, ки онҷо 8 ҳазору 400 сарбоз дорад, рӯшанӣ наандохтааст. Фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон гуфтааст, ки онҳо ба чанд ҳазор сарбози иловагӣ дар Афғонистон ниёз доранд, то дар ҷанг бо Толибон пешрафт ҳосил шавад.

Ҳерберт Макмастер дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки “барои мулоқоти муҳиме дар бораи ҳамкориҳо” ба Кобул омадааст. Ҳукумати Афғонистон гуфт, ки дар мулоқоти раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва генерал Макмастер, дар рӯзи 16-уми апрел “ҳамкориҳои дуҷониба, амният, мубориза бо терроризм ва ислоҳоту рушд” баррасӣ шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG