Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе ниммарафони байналмилалӣ баргузор мешавад


15 апрел дар шаҳри Душанбе ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар пойга ба ҷуз варзишгарони тоҷик, иштироки давандаҳои ҳирфаӣ аз Афғонистон, Беларус, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Покистон, Русия, Узбакистон, Украина, Швейтсария, Эрон ва Эфиопия дар назар аст.

Ниммарафони байналмилалӣ, ки бо тасмими раиси шаҳри Душанбе сар аз соли 2010 барои ҳаштумин бор барпо мегардад, баҳри сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимои дошта доир мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки ниммарафони байналмилалии Душанбе аз соли 2014-ум ба тақвими мусобиқоти байналмилалии дави ҷаҳонӣ шомил шудааст. Ниммарафони байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97 метрро дарбар мегирад, соати 9-и субҳи шанбеи 15-уми апрел аз рӯи масири дав – “Наврӯзгоҳи пойтахт” – хиёбони Ҳофизи Шерозӣ – маҳаллаи Хоҷамбиё – дидбонгоҳи Чорбоғ – хиёбони Рӯдакӣ – майдони “Дӯстӣ” (назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ) - доир хоҳад шуд.

Шаҳрдорӣ барои баргузории ниммарафони байналмилалӣ 316 ҳазору 620 сомонӣ (ҳудуди 38 ҳазор доллари ИМА) ихтисос додааст. Варзишгароне, ки дар ин ниммарафон миёни занону мардон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро мегиранд, бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд: барои ҷойи аввал - 28 ҳазору 700 сомонӣ, ҷойи дувум - 24 ҳазору 600 сомонӣ, ҷойи севум - 20 ҳазору 500 сомонӣ, ҷойи чорум - 16 ҳазору 400 сомонӣ, ҷойи панҷум - 14 ҳазору 760 сомонӣ, ҷойи шашум – 12 ҳазору 300 сомонӣ.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар ниммарафони байналмилалӣ Кибого Вилсон аз Кения байни мардон ва Даря Маслова аз Қирғизистон миёни занон ғолиб шуда буданд.

XS
SM
MD
LG