Пайвандҳои дастрасӣ

Мақоми дувуми Ҳамроз Раҷабов дар феҳристи ҷаҳонии самбо


Ҳамроз Раҷабов

Ҳамроз Раҷабов, паҳлавони тоҷик, дар феҳристи ҷаҳонии самбо, ки дар вебсайти расмии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) нашр шудааст, дар миёни 163 гуштигири вазнашон зери 74 кило бо 1100 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. Дар ин вазн Олег Бабгоев аз Русия бо 1800 имтиёз дар мақоми аввал аст.

Дар ин феҳрист натиҷаи Ҳамроз Раҷабов дар байни варзишгарони тоҷик беҳтарин аст. Баъди ӯ Аҳтам Ҳусейнов бо 320 имтиёз дар байни гуштигирони вазнашон аз 100 кило боло мақоми 15-умро касб кардааст. Инчунин ду гуштигири дигари тоҷик – Ҷомии Ҳасан ва Комроншоҳи Устопириён – натиҷаҳои нисбатан хубтарро ба даст овардаанд. Ҷомӣ дар вазни то 52 кило ва Комроншоҳ дар вазни то 90 кило бо 400-имтиёзӣ дар ҷойҳои 17-ум қарор доранд.

Ёдовар мешавем, Ҳамроз Раҷабов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё, ки моҳи майи соли гузашта дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ишқобод – баргузор шуд, дар вазни то 74 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гаштааст. Вай, инчунин дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки моҳи ноябр дар шаҳри Софияи Булғористон барпо гардид, медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ва Ҷомии Ҳасан дар вазни то 52 кило барои ҷойҳои сеюм бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шудаанд.

Мавқеи гуштигирони тоҷик дар феҳристи ҷаҳонии самбо миёни бузургсолон чунин аст:

Вазни – 52 кило

Ҷомии Ҳасан бо 400 имтиёз дар мақоми 17-ум

Рустам Аврамов бо 80 имтиёз дар мақоми 39-ум

Вазни – 57 кило

Акмалиддин Каримов бо 200 имтиёз дар мақоми 30-юм

Акмал Давлатов бо 80 имтиёз дар мақоми 48-ум

Сӯҳроб Исматов бо 80 имтиёз дар мақоми 48-ум

Ардашер Исмоилов бо 48 имтиёз дар мақоми 55-ум

Вазни – 62 кило

Хушқадам Хусравов бо 330 имтиёз дар мақоми 19-ум

Вазни – 68 кило

Мустафо Ҳасанов бо 160 имтиёз дар мақоми 37-ум

Муҳиддин Муҳиддинов бо 48 имтиёз дар мақоми 60-ум

Сорбон Сулаймонов бо 32 имтиёз дар мақоми 73-юм

Беҳрӯзи Хоҷазода бо 16 имтиёз дар мақоми 79-ум

Азмурод Отавло бо 16 имтиёз дар мақоми 79-ум

Умедҷон Муҳиддинов бо 4 имтиёз дар мақоми 110-ум

Вазни – 74 кило

Ҳамроз Раҷабов бо 1100 имтиёз дар мақоми 2-юм

Сайриддин Шоев бо 80 имтиёз дар мақоми 49-ум

Убайди Деваштич бо 48 имтиёз дар мақоми 59-ум

Шуҷоъ Раҷабов бо 4 имтиёз дар мақоми 111-ум

Вазни - 82 кило

Зафар Олимшоев бо 168 имтиёз дар мақоми 32-юм

Муҳаммад Юсупов бо 48 имтиёз дар мақоми 59-ум

Вазни – 90 кило

Комроншоҳи Устопириён бо 400 имтиёз дар мақоми 17-ум

Раҳиммардон Раҳимов бо 8 имтиёз дар мақоми 84-ум

Меҳрнӯш Давлатов бо 4 имтиёз дар мақоми 91-ум

Вазни – 100 кг

Ҷамшед Абдуллоев бо 10 имтиёз дар мақоми 69-ум

Вазни +100 кило

Аҳтам Ҳусейнов бо 320 имтиёз дар мақоми 15-ум

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG