Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон


Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 14 апрел бо ду бозӣ миёни дастаҳои «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Зарбдор» (Исфара) ва «Равшан» (Кӯлоб) – «Маҳаллаи 83» (Душанбе) оғоз меёбад.

Се бозии дигари даври аввал рӯзи шанбеи 15 апрел байни тимҳои «Зарафшон» (Панҷакент) – «Эсхата» (Хуҷанд), «Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Сомон» (Данғара) ва «Парвоз» – «Ҳулбук» (Восеъ) барпо мегардад. Даври аввал рӯзи якшанбеи 16 апрел бо бозӣ миёни дастаҳои «Локомотив-Помир» (Душанбе) – «Саройкамар» (Панҷ) ба поён мерасад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқаи имсола бо ширкати 12 даста дар ду давра доир мешавад. Ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Дастае, ки мақоми аввалро касб мекунад, соҳиби роҳхат ба мусобиқаи лигаи олӣ дар соли 2018 мегардад. Аммо дастае, ки ҷойи дувумро мегирад, бо тими дар мусобиқаи лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғолкарда барои ҳуқуқи ширкат кардан дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2018 мубориза мебарад.

Мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон. Даври 1-ум

14 апрел (ҷумъа)

«Кӯктош» – «Зарбдор»

«Равшан» – «Маҳаллаи 83»

15 апрел (шанбе)

«Зарафшон» – «Эсхата»

«Ваҳдат» – «Сомон»

«Парвоз» – «Ҳулбук»

16 апрел (якшанбе)

«Локомотив-Помир» – «Саройкамар»

Оғози бозиҳосоати 16:00

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG