Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз роҳхат ба Ҷоми Осиё-2018 маҳрум шуд


Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар бозии охиринаш дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар гурӯҳи “А” аз тими Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд ва аз роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ маҳрум шуд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо се имтиёз зинаи панҷумро азони худ кард. Дастаи Ироқ бидуни имтиёз дар зинаи охирин – шашум – ҷойгир шуд.

Ин бозии даври панҷуми сабқати гурӯҳи “А” 12 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо гардид. Голи ягонаро Салҳа Рашид Убайд дар се дақиқаи ба замони асосии бозӣ иловакардаи сардовар зад. Тӯби аз масофаи хеле дур, аз назди ҷаримагоҳи дастааш задаро дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Сахина Саидова дошта натавонист.

Бозии аввали даври панҷуми сабқати гурӯҳи “А” миёни дастаҳои Урдун ва Филиппин, ки имрӯз дар Варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон доир шуд, бо ҳисоби 5:1 ба нафъи урдуниҳо ба охир расид. Голҳои мунтахаби Урдунро Луна Ал-Масрӣ дар дақиқаҳои 15-ум ва 48-ум, Майса Ҷбараҳ дар дақиқаҳои 29-ум ва 37-ум, Стефание Ал-Набер дар дақиқаи 67-ум ба ҳадаф расонданд. Голи ягонаи филиппиниҳоро Алиша Дел Кампо дар дақиқаи 90+1 зад.

Бозии охирини даври панҷуми гурӯҳи “А” миёни дастаҳои мунтахаби Баҳрайн ва Ироқ, ки шаби 12 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии занони футболбози Баҳрайн бо ҳисоби 4:0 поён ёфт. Голҳоро Дина (41, 71), Рим Юсуф Ал-Ҳашмӣ (31) ва Ясмин Файз Тобеллаҳ (80, аз пеналтӣ) заданд.

Ҳамин тариқ, дар ҷадвали гурӯҳи “А” мунтахаби Урдун, ки дар ҳамаи панҷ бозиаш пирӯз шуд, бо понздаҳ имтиёз мақоми аввалро касб кард. Мунтахаби Филиппин, ки дар се бозӣ ғолиб омада, яктоашро мусовӣ карда, дар як бозӣ шикаст хӯрд, бо даҳ имтиёз мақоми дувумро соҳиб шуд.

Мунтахаби Баҳрайн бо ҳашт имтиёз мақоми севумро азони худ кард. Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳафт имтиёз дар зинаи чорум қарор гирифт. Мунтахаби Тоҷикистон бо се имтиёз зинаи панҷумро ишғол намуд. Дастаи Ироқ бидуни имтиёз дар зинаи охирин – шашум – ҷойгир шуд.

Дастаи мунтахаби Урдун, ки ба ҳайси мизбони Ҷоми Осиё-2018 мустақиман ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтааст, дар сабқати интихобӣ берун аз озмун иштирок кард. Бинобар ин, аз ин гурӯҳ дастаи мунтахаби Филиппин, ки ҷойи дуюмро гирифт, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфт.

Ба ғайр аз Урдун ва Филиппин, инчунин се дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки соли 2014 дар Ветнам доир шудааст, яъне Ҷопон, Австралия ва Чин, ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ мушарраф гаштаанд. Боз се дастаи ғолиби се гурӯҳи дигари мусобиқаи интихобӣ – Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи “В”), Тайланд (гурӯҳи “С”) ва Ветнам (гурӯҳи “D”) - ба панҷ дастаи зикршуда ҳамроҳ шуда, соли оянда дар Урдун дар марҳилаи ниҳоӣ барои Ҷоми Осиё-2018 мубориза мебаранд.​

Ёдовар мешавем, мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии даста Сулаймон Бобокалонов дар нахустин бозиаш бар тими Ироқ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Вале бонувони футболбози тоҷик дар чор бозии дигар аз тими Баҳрайн бо ҳисоби 0:4, аз дастаи Филиппин бо ҳисоби 0:8, аз дастаи Урдун бо ҳисоби 2:10 ва аз тими Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Урдун

5

5

0

0

37-3

15

2

Филиппин

5

3

1

1

18-6

10

3

Баҳрайн

5

2

2

1

10-8

8

4

ИМА

5

2

1

2

5-11

7

5

Тоҷикистон

5

1

0

4

3-23

3

6

Ироқ

5

0

0

5

0-22

0

XS
SM
MD
LG