Довари ФИФА Хироюки Кимураи 34-сола аз Ҷопон сардовари бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дар гурӯҳи “D” миёни дастаҳои “Истиқлол” – и Тоҷикистон ва “Олой” – и Қирғизистон таъин шудааст.
Ба ӯ ҳамдиёронаш - ёварони довари ФИФА Наги Тошиюки ва Синдзи Очи - кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба зиммаи довари ФИФА Аҳмад Яъқуб Иброҳим аз Урдун вогузор шудааст. Анас Хакан аз Австралия нозири доварон ва Бачир Шафиқ Абдул Холиқ аз Лубнон комиссари бозӣ таъин шудаанд.
Бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC миёни дастаҳои «Истиқлол», қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон ва «Олой», қаҳрамони секаратаи Қирғизистон, 18 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад. Дар бозии дигари ин гурӯҳ рӯзи сешанбе “Дордой”-и Ӯш, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Қирғизистон, дар майдони худ бо «Олтин Асир»-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон, рақобат хоҳад кард.
Баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа дар гурӯҳи “D” дастаҳои “Истиқлол” ва “Олтин Асир” чоримтиёзӣ ба даст овардаанд. Дастаи “Дордой” се имтиёз гирифтааст. Вале тими “Олой” имтиёз надорад.
Ҷоми AFC-2017
Гурӯҳи "D". Минтақаи марказӣ
Даври 1-ум
14 март (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – “Дордой” (Қирғизистон) – 2:0
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 1:2
Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:1
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олой» (Қирғизистон) -1:0
Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон)
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – “Дордой” (Қирғизистон)
Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)
“Дордой” (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)
Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – “Дордой” (Қирғизистон)