Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин пирӯзии “Вахш” ва ССКА “Помир” дар лигаи олӣ


Се бозии даври панҷуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 8-9 апрел баргузор шуд. Рӯзи шанбе ду бозии даври панҷум миёни дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа – “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд - «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ барпо гардид.

“Вахш” дар майдони худ “Регар-ТадАЗ”-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Голҳои мизбононро Худойдод Узоқов ва Далер Умаров заданд. Як голи меҳмононро Евгений Хотимский, легионери русиягии “Регар-ТадАЗ”, ба самар расонд. Зимнан, ин аввалин пирӯзии қӯрғонтеппагиҳо дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон мебошад.

“Хуҷанд” низ бар дастаи меҳмон – “Панҷшер” – бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Голҳои хуҷандиҳоро Дилшод Бозоров ва Манучеҳр Аҳмадов ба ҳадаф расонданд. Як голи меҳмонон ба Абдухалил Боронов мутааллиқ аст.

Як бозии дигари даври панҷум байни дастаҳои ССКА «Помир»-и Душанбе ва “Барқчӣ»-и Ҳисор дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар рӯзи якшанбеи 9 апрел доир шуд. Голи ягонаи Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 56-уми дидор ба ССКА “Помир” пирӯзӣ овард. Ин нахустин ғалабаи бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар ба шумор меравад.

Дар бозии охирин ва марказии даври панҷум, ки рӯзи сешанбеи 11 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад, «Истиқлол», қаҳрамони феълии Тоҷикистон, бо «Ҳосилот»-и Фархор, ҷоизадори нуқраи мусобиқаи порсолаи қаҳрамонии кишвар, рақобат мекунад.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа «Ҳосилот” бо 9 имтиёз дар зинаи аввал, «Хуҷанд» бо 7 имтиёз дар зинаи дувум ва ССКА “Помир” бо 6 имтиёз дар зинаи севум қарор доранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозиҳои даври 5-ум

«Вахш» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1

Голҳо: Худойдод Узоқов, Далер Умаров – Евгений Хотимский.

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

8 апрел. Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи «Пахтакор».

«Хуҷанд» – «Панҷшер» – 2:1

Голҳо: Дилшод Бозоров, Манучеҳр Аҳмадов – Абдухалил Боронов.

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

8 апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

ССКА «Помир» – «Барқчӣ» – 1:0

Гол: Шарафҷон Солеҳов, 56.

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

9 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор».

11 апрел (сешанбе)

Оғози бозӣсоати 18:30

«Истиқлол» – «Ҳосилот»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ҳосилот» (Фархор)

4

3

0

1

7-3

9

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

4

2

1

1

5-3

7

3

ССКА «Помир» (Душанбе)

4

1

3

0

1-0

6

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

5

1

2

2

3-4

5

5

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

5

1

2

2

2-4

5

6

«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ)

5

1

2

2

3-6

5

7

«Истиқлол» (Душанбе)

2

1

1

0

6-0

4

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

5

1

1

3

2-9

4

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 3-тӯбӣ, Дмитрий Барков («Истиқлол»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ») – 2-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG