Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар бозии севумаш дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 аз тими Филиппин бо ҳисоби бузурги 0:8 шикаст хӯрд. Ин бозии даври севуми сабқати гурӯҳи “А” рӯзи 7 апрел, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.
Бозигарони мунтахаби Филиппин дар нимаи аввали дидор ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон се гол заданд. Нахуст Ева Мадаранг дар дақиқаи 17-ум ҳисобро боз кард. Пас аз ҳабдаҳ дақиқа Аника Кастанеда тӯби дувумро ба тӯри дарвозаи мизбонон ворид намуд. Голи севумро Ҳалӣ Лонг дар дақиқаи 38-ум ба ҳадаф расонд.
Нимаи дувуми бозӣ низ бо бартарии занони футболбози Филиппин сурат гирифт ва онҳо боз панҷ гол заданд. Тӯби чорумро Сара Кастанеда дар дақиқаи 48-ум вориди дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон кард. Голҳои панҷуму шашумро Ҳалӣ Лонг дар дақиқаҳои 59-ум ва 84-ум ба самар расонд. Аника Кастанеда бо зарбаҳои нишонраси худ дар дақиқаҳои 85-ум ва 90-ум дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Сахина Саидоваро маҷбур кард, ки тӯбҳои ҳафтуму ҳаштумро аз тӯри дарвоза бигирад. Ба ин тартиб, бозӣ бо пирӯзии мунтахаби Филиппин бо ҳисоби бузурги 8:0 ба поён расид.
Бозии аввали даври севуми сабқати гурӯҳи “А” миёни дастаҳои Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) ва Баҳрайн, ки рӯзи ҷумъа дар Варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон доир шуд, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба охир расид. Ҳисобро Шаҳад Ҷасим, бозигари ИМА, дар дақиқаи 50-ум кушод. Голи ҷавобиро Дина Абдулраҳмон дар дақиқаи 85-ум ба ҳадаф расонд.
Бозии охирини даври севуми гурӯҳи “А” дар Варзишгоҳии марказии Душанбе миёни дастаҳои мунтахаби Урдун ва Ироқ шоми имрӯз соати 19:00 шуруъ мешавад.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи “А” мунтахаби Филиппин, ки дар ҳарсе бозиаш бар тимҳои ИМА ва Ироқ бо ҳисоби якхелаи 4:0 ва бар дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби 8:0 пирӯз шудааст, бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. Мунтахаби Урдун, ки дар ҳарду бозиаш бар тимҳои Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби якхелаи 6:0 пирӯз шуд, бо шаш имтиёз дар мақоми дувум аст, вале урдуниҳо як бозӣ камтар анҷом додаанд. Дастаи Баҳрайн бо чор имтиёз дар ҷойи севум мебошад. Тоҷикистон бо се имтиёз дар зинаи чорум ва ИМА бо як имтиёз дар зинаи панҷум ҷойгир шудаанд. Тими Ироқ, ки ҳамагӣ ду бозӣ кардааст, бидуни имтиёз дар зинаи охирин –шашум - қарор дорад.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов дар нахустин бозиаш бар тими Ироқ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Вале бонувони футболбози тоҷик дар бозиҳои баъдӣ аз тими Баҳрайн бо ҳисоби 0:4 ва аз дастаи Филиппин бо ҳисоби 0:8 шикаст хӯрданд. Мунтахаби Тоҷикистон ду бозии боқимондаро 10 апрел бо дастаи Урдун ва 12 апрел бо тими Имороти Муттаҳидаи Араб анҷом медиҳад.
Дастаи мунтахаби занонаи Урдун, ки ба ҳайси мизбони Ҷоми Осиё-2018 мустақиман ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтааст, дар сабқати интихобӣ берун аз озмун иштирок дорад. Агар Урдун ғолиби гурӯҳ шавад, он гоҳ дастае, ки дар гурӯҳи “А” ҷойи дувумро мегирад, ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ меёбад.
Ғолибони чор гурӯҳи сабқати интихобӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 роҳхат мегиранд. Ба ғайр аз Урдун, се дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки соли 2014 дар Ветнам доир шудааст, яъне Ҷопон, Австралия ва Чин, ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ мушарраф гаштаанд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Филиппин |
3 |
3 |
0 |
0 |
16-0 |
9 |
2 |
Урдун |
2 |
2 |
0 |
0 |
12-0 |
6 |
3 |
Баҳрайн |
3 |
1 |
1 |
1 |
5-7 |
4 |
4 |
Тоҷикистон |
3 |
1 |
0 |
2 |
1-12 |
3 |
5 |
ИМА |
3 |
0 |
1 |
2 |
1-6 |
1 |
6 |
Ироқ |
2 |
0 |
0 |
2 |
0-5 |
0 |
Тақвими бозиҳои боқимонда
Даври 3-юм
7 апрел (ҷумъа)
19:00 – Урдун – Ироқ
Даври 4-ум
10 апрел (душанбе)
13:00 – Ироқ – ИМА
16:00 – Тоҷикистон – Урдун
19:00 – Филиппин – Баҳрайн
Даври 5-ум
12 апрел (чоршанбе)
13:00 – Урдун – Филиппин
16:00 – ИМА – Тоҷикистон
19:00 – Баҳрайн – Ироқ