Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қуръакашии мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон


Дар мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон имсол дувоздаҳ даста дар ду давра рақобат мекунад. Инҳо дастаҳои «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Равшан» (Кӯлоб), «Зарафшон» (Панҷакент), «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Ҳулбук» (Восеъ), «Парвоз», «Сомон» (Данғара), «Эсхата» (Хуҷанд), «ФК-83» (Душанбе), «Зарбдор» (Исфара) ва «Саройкамар» (Панҷ) мебошанд.

Бар асоси қуръакашӣ, ки дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд, дар даври аввали мусобиқаи лигаи аввал , ки нимаи моҳи апрел шуруъ мешавад, дастаҳои зерин бо ҳам рақобат хоҳанд кард:

«Локомотив - Памир» – «Саройкамар»

«Кӯктош» – «Зарбдор»

«Равшан» – «ФК-83»

«Зарафшон» – «Эсхата»

«Ваҳдат» – «Сомон»

«Парвоз» – «Ҳулбук»

Дар мусобиқаи имсола ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки мақоми аввалро касб мекунад, соҳиби роҳхат ба мусобиқаи лигаи олӣ дар соли 2018 мешавад. Аммо дастае, ки ҷойи дувумро мегирад, бо тими дар мусобиқаи лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғолкарда барои ҳуқуқи пайдо кардани ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2018 мубориза мебарад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, тақвими комили бозиҳои лигаи аввал пас аз тасдиқи он нашр хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG