Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳ ба Ҷоми Осиё – Филиппин, Баҳрайн ё Тоҷикистон?


Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби футболи занона дар гурӯҳи “А”, ки 3 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе шуруъ шуд, то рӯзи 12 апрел идома хоҳад кард. Мусобиқа бо ширкати шаш даста - Урдун, Филиппин, Баҳрайн, Ироқ, Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) ва Тоҷикистон ҷараён дорад.

Баъди натиҷагирии бозиҳои ду даври мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “А” мунтахаби Урдун, ки дар ҳарду бозиаш бар тимҳои Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби якхелаи 6:0 пирӯз шуд, бо шаш имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. Мунтахаби Филиппин, ки дар ҳарду бозиаш бар тимҳои Имороти Муттаҳидаи Араб ва Ироқ бо натиҷаи якхелаи 4:0 ғолиб омад, бо шаш имтиёз дар мақоми дувум мебошад.

Дастаҳои Баҳрайн ва Тоҷикистон бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои сеюму чорум ҷойгир шудаанд. Тимҳои Имороти Муттаҳидаи Араб ва Ироқ бидуни имтиёз дар зинаҳои охир – панҷуму шашум - қарор доранд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии даста Сулаймон Бобокалонов дар нахустин бозиаш бар тими Ироқ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Вале бонувони футболбози тоҷик дар бозии дувумашон аз тими Баҳрайн бо ҳисоби бузурги 0:4 шикаст хӯрданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон се бозии боқимондаро 7 апрел бо Филиппин, 10 апрел бо Урдун ва 12 апрел бо Имороти Муттаҳидаи Араб анҷом медиҳад.

Дастаи мунтахаби занонаи Урдун, ки ба ҳайси мизбони Ҷоми Осиё-2018 мустақиман ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтааст, дар сабқати интихобӣ берун аз озмун иштирок дорад. Агар Урдун ғолиби гурӯҳ шавад, он гоҳ дастае, ки дар гурӯҳи “А” ҷойи дувумро мегирад, ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ меёбад.

Ғолибони чор гурӯҳи сабқати интихобӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 роҳхат мегиранд. Ба ғайр аз Урдун, се дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки соли 2014 дар Ветнам доир шудааст, яъне Ҷопон, Австралия ва Чин, ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ мушарраф гаштаанд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби занона

Гурӯҳи «А». Даври 2-юм

БаҳрайнТоҷикистон – 4:0

Голҳо: Рим Юсуф Масъуд Салим Ал-Хашмӣ, 17 (1:0). Рим Юсуф Масъуд Салим Ал-Хашмӣ, 20 (2:0). Нура Самӣ Ал-Доссарӣ, 46 (3:0). Рим Юсуф Масъуд Салим Ал-Хашмӣ, 78 (4:0).

Тоҷикистон: Сахина Саидова, Насиба Олимова (Шукронаи Ҷумъахон, 46), Дилафрӯз Шарифова, Ҷонона Ҳалимова, Ирода Ҷӯраева, Сайрам Холназарова, Наталя Сотникова, Мадинаи Искандарӣ, Нодира Мирзоева, Муниса Мирзоева, Марҷона Файзуллоева (Зулайхо Сафарова, 62).

Огоҳонида шуданд: Нура Самӣ Ал-Доссарӣ, Еман Рашид Исо, Амира Совар (Баҳрайн), Шукронаи Ҷумъахон, Ирода Ҷӯраева (Тоҷикистон).

5 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 60 тамошобин.

Филиппин – Ироқ – 4:0

Голҳо: Ева Мадаранҷ, 21 (1:0). Халӣ Лонг, 44 (2:0). Сара Исобел Арриета Кастанеда, 45+1 (3:0). Алеса Назарено Долино, 45+3 (4:0).

5 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 50 тамошобин.

УрдунИМА – 6:0

Голҳо: Майса Ҷбараҳ, 3 (1:0). Майса Ҷбараҳ, 40 (2:0). Стефани Ал-Набер, 44 (3:0). Майса Ҷбараҳ, 77 (4:0). Стефани Ал-Набер, 80 (5:0). Майса Ҷбараҳ, 81 (6:0).

5 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 40 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Урдун

2

2

0

0

12-0

6

2

Филиппин

2

2

0

0

8-0

6

3

Баҳрайн

2

1

0

1

4-6

3

4

Тоҷикистон

2

1

0

1

1-4

3

5

Ироқ

2

0

0

1

0-5

0

6

ИМА

2

0

0

2

0-10

0

Тақвими бозиҳои боқимонда

Даври 3-юм

7 апрел (ҷумъа)

13:00 – ИМА – Баҳрайн

16:00 Тоҷикистон – Филиппин

19:00 – Урдун – Ироқ

Даври 4-ум

10 апрел (душанбе)

13:00 – Ироқ – ИМА

16:00Тоҷикистон – Урдун

19:00 – Филиппин – Баҳрайн

Даври 5-ум

12 апрел (чоршанбе)

13:00 – Урдун – Филиппин

16:00 – ИМА – Тоҷикистон

19:00 – Баҳрайн – Ироқ

XS
SM
MD
LG