Ниммарафони VIII байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон 15-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин бора қарори иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар сомонаи шаҳрдорӣ нашр шудааст.
Дар ин қарор ба Сарраёсати молияи пойтахт супориш дода шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳр барои баргузории ниммарафони байналмилалӣ 316 ҳазору 620 сомонӣ ҷудо намояд.
Ниммарафони байналмилалӣ, ки сар аз соли 2010 барои ҳаштумин бор баргузор мешавад, баҳри сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта доир мегардад.
Дар ниммарафони байналмилалӣ ба ҷуз варзишгарони тоҷик, иштироки давандаҳои ҳирфаӣ аз Афғонистон, Беларус, ИМА, Канада, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбакистон, Украина, Фаронса, Чин, Эрон ва кишварҳои дигар дар назар аст.
Бояд тазаккур дод, ки ниммарафони байналмилалии Душанбе аз соли 2014-ум ба тақвими мусобиқоти байналмилалии дави ҷаҳонӣ шомил шудааст.
Ниммарафони байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97 метрро дарбар мегирад, соати 9-и субҳи шанбеи 15-уми апрел аз рӯи масири дав – “Наврӯзгоҳи пойтахт” – хиёбони Ҳофизи Шерозӣ – маҳаллаи Хоҷамбиё – дидбонгоҳи Чорбоғ – хиёбони Рӯдакӣ – майдони “Дӯстӣ” (назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ) - доир хоҳад шуд.
Варзишгароне, ки дар ин ниммарафон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро мегиранд, бо ҷоизаҳои пулӣ сарфароз мешаванд.