Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 аз тими Баҳрайн бо ҳисоби бузурги 0:4 шикаст хӯрд. Ин бозии даври дувуми сабқати гурӯҳи “А”, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат гирифт, бегоҳи имрӯз, 5 апрел, ба поён расид.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар гурӯҳи “А” бо ширкати шаш даста - Урдун, Филиппин, Баҳрайн, Ироқ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон то рӯзи 12 апрел идома хоҳад кард.
Рим Юсуф Ал-Ҳашмӣ, бозигари мунтахаби Баҳрайн, дар нимаи аввали дидор ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ду гол зад. Нахуст ӯ дар дақиқаи 17-ум ба ҷаримагоҳ ворид шуда, бо дарвозабон як ба як баромад ва аз масофаи наздик тӯбро ба ҳадаф расонд. Пас аз се дақиқа вай тӯби дувумро аз масофаи дуртар, аз назди хатти ҷаримагоҳи мизбонон, ба тӯри дарвоза ворид кард. Дастаҳо бо ҳисоби 2:0 ба нафъи мунтахаби Баҳрайн ба танаффус баромаданд.
Нимаи дувуми бозӣ бо ҳуҷуми баҳрайниҳо оғоз ёфт ва бо гол анҷомид. Тӯби севумро ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон Нура Самӣ Алдосарӣ дар дақиқаи 46-ум аз ҷаримагоҳ, аз масофаи тахминан 15 метр зада, ҳисобро афзун кард – 3:0. Голи чаҳорум ва ниҳоиро мунтахаби Баҳрайн дар дақиқаи 78-ум ба самар расонд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 бар тими Ироқ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Дар ин бозӣ, ки 3 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат гирифт, голи ягонаро Ҷонона Ҳалимова дар дақиқаи 87-ум ба ҳадаф расонд.
Дар бозии аввали даври дувуми сабқати гурӯҳи “А”, ки рӯзи чаҳоршанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон доир шуд, мунтахаби Филиппин тими Ироқро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод. Голҳоро Ева Мадаранг (дақиқаи 22-юм), Ҳалӣ Лонг (44), Сара Кастанеда (45) ва Алеса Долино (45-2) дар нимаи аввали дидор ба самар расонданд.
Бозии охирини даври дувуми гурӯҳи “А” дар Варзишгоҳии марказии Душанбе миёни дастаҳои мунтахаби Урдун ва Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) имрӯз соати 19:00 шуруъ мешавад. Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи “А” мунтахаби Филиппин, ки дар ҳарду бозиаш бар тимҳои ИМА ва Ироқ бо ҳисоби якхелаи 4:0 пирӯз шудааст, бо шаш имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. Дастаҳои Урдун, Баҳрайн ва Тоҷикистон бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар се зинаи баъдӣ ҷойгир шудаанд, вале урдуниҳо як бозӣ камтар анҷом додаанд. Тимҳои ИМА ва Ироқ бидуни имтиёз дар зинаҳои охир қарор доранд, вале занони футболбози Иморот танҳо як бозӣ кардаанд.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар гурӯҳи “А” бо ширкати шаш даста - Урдун, Филиппин, Баҳрайн, Ироқ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон, ки 3 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе оғоз ёфт, то рӯзи 12 апрел идома хоҳад кард.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби миллии занона чор гурӯҳ – се гурӯҳи иборат аз панҷдастаӣ ва як гурӯҳи иборат аз шаш даста – таъсис ёфтаанд. Дастаи мунтахаби занонаи Урдун, ки ба ҳайси мизбони Ҷоми Осиё-2018 мустақиман ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтааст, дар сабқати интихобӣ берун аз озмун иштирок мекунад. Агар Урдун ғолиби гурӯҳ шавад, он гоҳ дастае, ки дар гурӯҳи “А” ҷойи дувумро мегирад, ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ меёбад.
Ғолибони чор гурӯҳи сабқати интихобӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 роҳхат мегиранд. Ба ғайр аз Урдун, се дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки соли 2014 дар Ветнам доир шудааст, яъне Ҷопон, Австралия ва Чин, ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ мушарраф гаштаанд.
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бозии севумашро рӯзи ҷумъаи 7 апрел соати 16:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе муқобили тими Филиппин анҷом медиҳад. Дар ин варзишгоҳ ҳамон рӯз боз ду бозии дигари гурӯҳи “А” миёни дастаҳои ИМА – Баҳрайн (соати 13:00) ва Урдун – Ироқ (19:00) барпо мегардад.
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «A»:
Даври 1-ум
3 апрел (душанбе)
Баҳрайн – Урдун – 0:6
Ироқ – Тоҷикистон – 0:1
Филиппин - ИМА - 4:0
Даври 2-юм
5 апрел (чоршанбе)
Филиппин – Ироқ - 4:0
Баҳрайн – Тоҷикистон – 4:0
19:00 Урдун - ИМА
Даври 3-юм
7 апрел (ҷумъа)
13:00 ИМА - Баҳрайн
16:00 Тоҷикистон - Филиппин
19:00 Урдун - Ироқ
Даври 4-ум
10 апрел (душанбе)
13:00 Ироқ - ИМА
16:00 Тоҷикистон - Урдун
19:00 Филиппин - Баҳрайн
Даври 5-ум
12 апрел (чоршанбе)
13:00 Урдун - Филиппин
16:00 ИМА - Тоҷикистон
19:00 Баҳрайн - Ироқ