Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии "Истиқлол" бо "Олтин Асир" дар Балканобод


Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дувумин бозиашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дар гурӯҳи “D” дар меҳмонӣ бо тими «Олтин Асир»-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон, бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Ин бозӣ имрӯз, 4 апрел, дар варзишгоҳи “Спорт топлуми”-и шаҳри Балканободи Туркманистон баргузор шуд.

Ҷаҳонгир Алиев, бозигари “Истиқлол”, дар дақиқаи 31-ум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро бозигари мизбонон Олтинмурод Аннадурдиев дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 49-ум, ба ҳадаф расонд. Дарвоқеъ, дар замони изофӣ (90+1), ки сардовари ин бозӣ Ҷамол Ҷумъа Абдул Ҳусайн Муҳаммад аз Баҳрайн таъин намуд, Ромиш Ҷалилов, бозигари “Истиқлол”, корти сурх гирифт ва майдонро тарк кард.

Бозии дигари гурӯҳи D” имрӯз миёни дастаҳои “Дордой”-и Бишкек, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Қирғизистон ва «Олой»-и Ӯш, қаҳрамони ин кишвар, дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови пойтахти Қирғизистон баргузор шуд. Дастаи мизбон - “Дордой” - бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Тӯбро Алишер Азизов бо зарбаи сар дар дақиқаи 87-ум ба дарвозаи “Олой” ворид намуд. Бояд гуфт, ки шумораи бозигарони “Олой” аз дақиқаи 18-ум як нафар кам шуд. Миролим Аҳмадов, бозигари “Олой”, ба иллати гирифтани корти сурх аз майдон хориҷ шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи "Истиқлол" дар нахустин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи “D” бар тими «Дордой» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд. Дар ин бозӣ, ки 14-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо гардид, ҳисобро ҳимоятгар Девид Мавутор, легионери африқоӣ аз Гана, дар дақиқаи 17-ум кушод. Баъд аз панҷ дақиқа Ҷаҳонгир Алиев тӯби дувумро ба дарвозаи “Дордой” ворид намуд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа дар гурӯҳи “D” дастаҳои “Истиқлол” ва “Олтин Асир” чоримтиёзӣ ба даст овардаанд. Дастаи “Дордой” се имтиёз гирифтааст. Вале тими “Олой” имтиёз надорад.

Дар даври 3-юми мусобиқа, ки 18 апрел баргузор мешавад,
«Истиқлол» дар майдони худ бо «Олой» ва “Дордой” бо «Олтин Асир» рақобат хоҳанд кард.

Ҷоми AFC-2017
Гурӯҳи "D". Минтақаи марказӣ

Даври 1-ум
14 март (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – “Дордой” (Қирғизистон) – 2:0
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 1:2

Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:1
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олой» (Қирғизистон) -1:0

Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон)
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – “Дордой” (Қирғизистон)

Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)
“Дордой” (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – “Дордой” (Қирғизистон)

XS
SM
MD
LG