Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Тоҷикистон бар Ироқ дар Ҷоми Осиё


Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 бар тими Ироқ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ин бозии даври аввали мусобиқаи гурӯҳи “А”, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе зери борон сурат гирифт, бегоҳи имрӯз, 3 апрел ба поён расид. Голи ягонаро Ҷонона Ҳалимова дар дақиқаи 87-ум ба ҳадаф расонд.

Дар бозии аввали гурӯҳи “А” рӯзи душанбе мунтахаби Урдун тими Баҳрайнро бо ҳисоби бузурги 6:0 шикаст дод. Бозии севуми даври аввал миёни дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Имороти Муттаҳидаи Араб бо пирӯзии филиппиниҳо бо ҳисоби 4:0 хотима ёфт.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар гурӯҳи “А” бо ширкати шаш даста - Урдун, Филиппин, Баҳрайн, Ироқ, Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) ва Тоҷикистон, ки 3 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе оғоз ёфт, то 12 апрел идома хоҳад кард.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби миллии занона чор гурӯҳ – се гурӯҳи иборат аз панҷдастаӣ ва як гурӯҳи иборат аз шаш даста – таъсис ёфтаанд. Дастаи мунтахаби занонаи Урдун, ки ба ҳайси мизбони Ҷоми Осиё-2018 мустақиман ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтааст, дар сабқати интихобӣ берун аз озмун иштирок мекунад. Агар Урдун ғолиби гурӯҳ шавад, он гоҳ дастае, ки дар гурӯҳи “А” ҷойи дувумро мегирад, ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ меёбад.

Ғолибони чор гурӯҳи сабқати интихобӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 роҳхат мегиранд. Ба ғайр аз Урдун, се дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки соли 2014 дар Ветнам доир шудааст, яъне Ҷопон, Австралия ва Чин, ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ мушарраф гаштаанд.

Мунтахаби занонаи Тоҷикистон дувумин бозиашро 5 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе муқобили тими Баҳрайн анҷом медиҳад. Дар ин варзишгоҳ рӯзи чоршанбе боз ду бозии дигари гурӯҳи “А” миёни дастаҳои Филиппин – Ироқ ва Урдун – ИМА барпо мегардад.

Таркиби гурӯҳҳо дар сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби занона:

Гурӯҳи «А»: Урдун, Филиппин, Баҳрайн, Ироқ, ИМА, Тоҷикистон (мизбон).
Гурӯҳи «В»: Кореяи Ҷанубӣ, Узбакистон, Ҳонконг, Ҳиндустон, Кореяи Шимолӣ (мизбон).
Гурӯҳи «С»: Тайланд, Таван, Лубнон, Фаластин (мизбон), Гуам.
Гурӯҳи«D»: Ветнам (мизбон), Мянмар, Эрон, Сурия, Сингапур.

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «A»

Даври 1-ум
3 апрел (душанбе
)

Баҳрайн – Урдун – 0:6
Ироқ – Тоҷикистон – 0:1
Филиппин - ИМА - 4:0

Даври 2-юм
5 апрел (чоршанбе)

13:00 Филиппин - Ироқ
16:00 Баҳрайн - Тоҷикистон
19:00 Урдун - ИМА

Даври 3-юм
7 апрел (ҷумъа)

13:00 ИМА - Баҳрайн
16:00 Тоҷикистон - Филиппин
19:00 Урдун - Ироқ

Даври 4-ум
10 апрел (душанбе)

13:00 Ироқ - ИМА
16:00 Тоҷикистон - Урдун
19:00 Филиппин - Баҳрайн

Даври 5-юм
12 апрел (чоршанбе)

13:00 Урдун - Филиппин
16:00 ИМА - Тоҷикистон
19:00 Баҳрайн - Ироқ

XS
SM
MD
LG