Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шатранҷбозони ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё дар Тошканд


Шатранҷбозони ҷавони тоҷик барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни шатранҷбозони синашон аз 8 то 18-сола имрӯз, 31 март, ба шаҳри Тошканд сафар карданд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон ва раиси федератсияи шоҳмоти шаҳри Душанбе, хабар дод.

Ба иттилои оқои Юнусов, мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасону ҷавонон аз 1 то 9 апрел дар пойтахти Узбакистон баргузор мешавад. Ӯ афзуд, “ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот, ки моҳи феврал дар шаҳри Кӯлоб доир шуд, дохиланд. Инҳо Шаҳриёр Раҳмонов, Иброҳим Ашӯров миёни писарони 7-8-сола, Сабрина Абророва миёни духтарони 12-сола, Меҳрбахш Қандаков, Меҳриддин Шарифов байни писарони 12-14-сола ва Амонуллои Илҳом миёни наврасони 16-сола мебошанд.”

Мусобиқот дар Тошканд бо иштироки шатранҷбозони ҷавони 25 кишвари қора аз рӯи се намуд - маъмулӣ (стандарт), фаврӣ (рапид) ва барқвор (блитс) - доир хоҳад шуд.

“Бояд гуфт, ки шатранҷбозони Чин, Эрон, Ҳиндустон ва Узбакистон муддаиёни аслии ҷоизаҳои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё маҳсуб мешаванд. Умедворем, ки шатранҷбозони ҷавони тоҷик низ дар ин мусобиқоти асосии мавсими имсола ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегарданд”, - иброз дошт Илҳом Юнусов, мураббӣ ва раҳбари ҳайати намояндагони Тоҷикистон.

XS
SM
MD
LG