Пайвандҳои дастрасӣ

Бозии Афғонистон муқобили Ветнам дар Душанбе мусовӣ шуд


Тими миллии футболи Афғонистон нахустин дидорашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё дар муқобили Ветнам бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом дод. Ин бозии даври аввали гурӯҳи “С” шаби сешанбеи 28 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, ки мизбонии онро Афғонистон бар ӯҳда дошт, баргузор шуд.

Нгуен Ван, бозигари тими Ветнам, дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 64-ум, ҳисобро боз намуд. Баъди он ки дарвозабони мунтахаби Афғонистон тӯби аз масофаи дур задаи бозигари ветнамиро баргардонд, Нгуен Ван тӯбро аз назди дарвоза ба тӯри он ворид кард. Вале пас аз панҷ дақиқа Ҳасан Амин тӯбро аз хатти ҷаримагоҳ ба дарвозаи мунтахаби Ветнам зада, ҳисобро баробар намуд.

Афғонистон ба далели мушкилоти амниятӣ дар Кобул бозии хонагиашро дар хоки Тоҷикистон баргузор кард. Федератсионҳои футболи Афғонистону Тоҷикистон тадобири хосеро барои дидори рӯзи сешанбе рӯи даст гирифтанд.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бошад, дар пойтахти Қатар – Доҳа - дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» муқобили мунтахаби Яман бозӣ кард. Ин дидор дар варзишгоҳи Суҳайм Бин Ҳамад баргузор шуд ва бо ҳисоби 2:1 ба нафъи яманиҳо анҷом ёфт.

Ба иттилои Федератсиони футболи Тоҷикистон, ба ҳайати тими миллии кишвар таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд. Дар байни онҳо шаш нафарашон легионер мебошанд, ки инҳоянд: дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), ҳимоятгарон Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Искандар Ҷалилов («Дунав», Булғористон), нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нозим Бобоҷонов («Баҳрайн», Баҳрайн) ва Умедҷон Шарифов («Машъал», Узбакистон).

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Яман чунин буд: 1. Абдуазиз Маҳкамов, 6. Давронҷон Эргашев, 12. Сиёвуш Асроров, 4. Искандар Ҷалилов, 19. Аҳтам Назаров, 8. Нуриддин Давронов (к), 9. Ҷаҳонгир Алиев, 18. Фатҳулло Фатҳуллоев, 7. Умедҷон Шарифов, 20. Парвизҷон Умарбоев, 21. Манучеҳр Ҷалилов.

Бозигарони эҳтиётӣ: 16. Қурбоналӣ Бобоев, 13. Далер Азизов, 3. Табрези Давлатмир, 15. Эҳсони Панҷшанбе, 14. Ойбек Абдуғаффоров, 11. Нозим Бобоҷонов, 8. Муҳаммадҷони Ҳасан, 10. Ҷаҳонгир Эргашев, 2. Ромиш Ҷалилов, 17. Дилшод Восиев, 5. Давронҷон Тухтасунов, 22. Амирбек Ҷӯрабоев.

Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби миллии Яман ва Тоҷикистонро ҳакамон аз Малайзия доварӣ карданд. Довари ФИФА Нагор Амир Бин Нур Муҳаммади 33-сола сардовари ин бозӣ буд. Ёварони довари ФИФА – Муҳаммад Шаҳрим Бин Че Умари 33-сола ва Муҳаммад Ориф Шамил Бин Рашиди 23-сола ба ҳамватани худ ба ҳайси доварони марзи майдон кӯмак карданд. Вазифаи довари эҳтиётӣ бар дӯши довари ФИФА Муҳаммад Замзаид Бин Катимини 37-сола буд. Маҳюб Содиқ аз Фаластин нозири доварон ва Ҷаргал Сухбаатар аз Муғулистон комиссари бозӣ буданд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG