Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии Афғонистон муқобили Ветнам дар Душанбе мусовӣ шуд


Акс аз бойгонӣ: Футболбозони афғон дар Душанбе. Моҳи майи соли 2014
Акс аз бойгонӣ: Футболбозони афғон дар Душанбе. Моҳи майи соли 2014

Тими миллии футболи Афғонистон нахустин дидорашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё дар муқобили Ветнам бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом дод. Ин бозии даври аввали гурӯҳи “С” шаби 28 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, ки мизбонии онро Афғонистон бар ӯҳда дошт, баргузор шуд.

Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби миллии Яман ва Тоҷикистонро ҳакамон аз Малайзия доварӣ мекунанд.

Нгуен Ван, бозигари тими Ветнам, дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 64-ум, ҳисобро боз намуд. Баъд аз онки дарвозабони мунтахаби Афғонистон тӯби аз масофаи дур задаи бозигари ветнамиро баргардонд, Нгуен Ван тӯбро аз назди дарвоза ба тӯри он ворид кард. Вале пас аз панҷ дақиқа Ҳасан Амин тӯбро аз хатти ҷаримагоҳ ба дарвозаи мунтахаби Ветнам зада, ҳисобро баробар намуд.

Афғонистон ба далели мушкилоти амниятӣ дар Кобул бозии хонагиашро дар хоки Тоҷикистон баргузор кард. Федератсионҳои футболи Афғонистону Тоҷикистон тадобири хосеро барои дидори рӯзи сешанбе рӯи даст гирифтанд.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бошад, дар ҳамин ҳол дар пойтахти Қатар – Доҳа - дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» муқобили мунтахаби Яман бозӣ мекунад. Ин дидор дар варзишгоҳи Суҳайм Бин Ҳамад соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 - ба вақти Душанбе) шуруъ шуд.

Ҳаким Фузайлов
Ҳаким Фузайлов

Ба иттилои Федератсиони футболи Тоҷикистон, ба ҳайати тими миллии кишвар таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд. Дар байни онҳо шаш нафарашон легионер мебошанд, ки инҳоянд:

дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), ҳимоятгарон Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Искандар Ҷалилов («Дунав», Булғористон), нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нозим Бобоҷонов («Баҳрайн», Баҳрайн) ва Умедҷон Шарифов («Машъал», Узбакистон).

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Яман чунин аст: 1. Абдуазиз Маҳкамов, 6. Давронҷон Эргашев, 12. Сиёвуш Асроров, 4. Искандар Ҷалилов, 19. Аҳтам Назаров, 8. Нуриддин Давронов (к), 9. Ҷаҳонгир Алиев, 18. Фатҳулло Фатҳуллоев, 7. Умедҷон Шарифов, 20. Парвизҷон Умарбоев, 21. Манучеҳр Ҷалилов.

Бозигарони эҳтиётӣ: 16. Қурбоналӣ Бобоев, 13. Далер Азизов, 3. Табрези Давлатмир, 15. Эҳсони Панҷшанбе, 14. Ойбек Абдуғаффоров, 11. Нозим Бобоҷонов, 8. Муҳаммадҷони Ҳасан, 10. Ҷаҳонгир Эргашев, 2. Ромиш Ҷалилов, 17. Дилшод Восиев, 5. Давронҷон Тухтасунов, 22. Амирбек Ҷӯрабоев.

*****

Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби миллии Яман ва Тоҷикистонро ҳакамон аз Малайзия доварӣ мекунанд. Довари ФИФА Нагор Амир Бин Нур Муҳаммади 33-сола сардовари ин бозӣ таъйин шудааст. Ёварони довари ФИФА – Муҳаммад Шаҳрим Бин Че Умари 33-сола ва Муҳаммад Ориф Шамил Бин Рашиди 23-сола ба ҳамватани худ ба ҳайси доварони марзи майдон кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ бар дӯши довари ФИФА Муҳаммад Замзаид Бин Катимини 37-сола мебошад. Маҳюб Содиқ аз Фаластин нозири доварон ва Ҷаргал Сухбаатар аз Муғулистон комиссари бозӣ таъйин шудаанд.

XS
SM
MD
LG