Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозӣ бо Баҳрайн ва Яман эълон шуд


Tajikistan, Dushanbe city, tajik national football team,20March2017

Ҳаким Фузайлов, сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, рӯйхати бозигаронеро, ки дар ду бозии надиктарини байналмилалӣ дар ҳайати тими миллии кишвар ширкат хоҳанд кард, эълон намуд.

Мунтахаби Тоҷикистон 23 март дар Манама бо мунтахаби Баҳрайн бозии дӯстона анҷом медиҳад. Футболбозони тоҷик 28 март дар пойтахти Қатар – Доҳа - дар доираи марҳилаи муқаддамотии даври аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» бо мунтахаби Яман рақобат мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, барои омодагӣ ба ин бозиҳо ба дастаи мунтахаби кишвар 27 бозигар – 4 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд. Дар байни онҳо шаш нафарашон легионер мебошанд, ки инҳоянд: дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), ҳимоятгарон Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Искандар Ҷалилов («Дунав», Булғористон), нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нозим Бобоҷонов («Баҳрайн», Баҳрайн) ва Умедҷон Шарифов («Машъал», Узбакистон).

Пеш аз сафар мунтахаби Тоҷикистон аз 19 то 21 март дар Душанбе омодагӣ мебинад. Субҳи 22 март ҳайати мунтахаби Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо ба Дубай ва аз онҷо ба Манама парвоз мекунад, Дар Манама 23 март бо мунтахаби Баҳрайн бозии дӯстона мегузаронад.

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон:

Давозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Беҳрӯз Хайриев («Барқчӣ»);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Искандар Ҷалилов («Дунав», Булғористон), Сиёвуш Асроров, Соҳиб Саванқулов, Амирбек Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров (ҳама – «Истиқлол»), Ойбек Абдуғаффоров («Ҳосилот»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нозим Бобоҷонов («Баҳрайн», Баҳрайн), Умедҷон Шарифов («Машъал», Узбакистон), Мӯҳсинҷон Парпиев («Барқчӣ»), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшанбе, Ҷаҳонгир Алиев, Ромиш Ҷалилов (ҳама – «Истиқлол»), Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Ҳосилот»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Восиев (ҳарсе – «Истиқлол»), Давронҷон Тухтасунов («Хуҷанд»).

Сармураббӣ: Ҳаким Фузайлов.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG