Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолномаи Қурбон Аламшоев


Қурбон Аламшоев, рӯзноманигор ва номзади илмҳои таърих, соли 1960 дар деҳаи Миденшарви ноҳияи Роштқалъа ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург мебошад. Фаъолияти корияшро ба ҳайси муҳаррир аз нашриёти «Маориф»-и шаҳри Душанбе шурӯъ карда, аз соли 1987 то 1992 дар нашрияи «Бадахшони Советӣ» кор кардааст. Муҳимтарин дастоварди Аламшоев мураттаб сохтани шарҳи ҳоли сиёсиву илмӣ ва шахсии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шоҳтемур исботи илмии он, рӯшан кардани баъзе паҳлӯҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии солҳои сиюми асри бист дар Тоҷикистон мебошад. Рисолаи номзадиашро низ дар мавзӯи "Нақши Шириншоҳ Шоҳтемур дар таъсис ва ташаккули давлатдории тоҷикон" соли 2013 дар Институти таърих, этнография ва археологияи ба номи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе дифоъ кардааст.

XS
SM
MD
LG