Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги нави FIFA тағйир наёфт


Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки 9-уми март нашр шудааст, мавқеашро нигоҳ дошт ва дар байни 211 кишвар бо 231 имтиёз дар ҷойгоҳи 133-юм қарор гирифтааст.

Мунтахаби Аргентина дар феҳристи нави ФИФА бо 1644 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Бразилия (1534 имтиёз) дар ҷойи дувум ва тими Олмон (1443 имтиёз) дар ҷойи севум мебошанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) мақоми 20-умро касб кардааст. Дар Осиё Эрон дар ҷойи аввал (дар ҷаҳон 33-юм), Кореяи Ҷанубӣ дар ҷойи дувум (дар ҷаҳон 40-ум) ва Ҷопон дар ҷойи севум (дар ҷаҳон 51-ум) қарор доранд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (31-ум), Русия (60-ум) ва Узбакистон (63-юм) ба даст овардаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ танҳо аз Туркманистон (144-ум) ва Молдова (162-юм) пеш аст.

Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад. Феҳристи навбатии ФИФА 6 апрел нашр мешавад.

Бояд гуфт, ки мунтахаби Тоҷикистон ин моҳ таҳти раҳбарии Ҳаким Фузайлов ду бозии расмӣ анҷом медиҳад. Футболбозони тоҷик 23-юми март дар сафар бо мунтахаби Баҳрайн, ки дар раддабандии FIFA мақоми 127-умро ишғол кардааст, бозии дӯстона мекунад. Баъдан тими миллии Тоҷикистон нахустин бозиашро дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» 28 март дар пойтахти Қатар - Доҳа - муқобили мунтахаби Яман, ки дар феҳристи FIFA дар мақоми 148-ум қарор дорад, мегузаронад.

XS
SM
MD
LG