Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Истиқлол” ва “Ҳосилот” дар даври аввали қаҳрамонии Тоҷикистон


Дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълии футболи Тоҷикистон ва «Ҳосилот»-и Фархор, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии кишвар, дар нахустин даври мусобиқаи лигаи олӣ рӯзи чоршанбеи 8-уми март дар майдони худ бар рақибонашон пирӯз шуданд.

“Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисорро бо ҳисоби бузурги 6:0 шикаст дод. Се голи мизбононро Манучеҳр Ҷалилов, ду голро легионери русиягӣ Дмитрий Барков ва як голро Ҷаҳонгир Алиев ба самар расонданд.

“Ҳосилот” тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохт. Дар ин бозӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор шуд, ҳисобро дар дақиқаи 34-ум Дилшод Бозоров, ҳамлагари “Хуҷанд”, боз кард. Вале дар нимаи дувуми дидор меҳмонон ду гол хӯрданд. Ҳасан Рустамов дар дақиқаи 59-ум ҳисобро баробар намуд. Як дақиқа пеш аз анҷоми бозӣ Агблей Ҷонс, легионери африқоии “Ҳосилот” аз Гана, голи дувум ва ҳалкунандаро ба дарвозаи “Хуҷанд” ворид кард.

Ёдовар мешавем, мусобиқаи 26-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи якшанбеи 5-уми март бо ду бозӣ миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» - «Панҷшер» ва «Вахш» - ССКА «Помир» шуруъ шуда буд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ҳарду бозӣ, ки ба иллати омода набудани варзишгоҳҳои шаҳрҳои Турсунзодаву Қӯрғонтеппа дар Душанбе, дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, барпо гардид, бо натиҷаҳои мусовӣ хотима ёфт.

Нахуст бозии “Регар-ТадАЗ” бо “Панҷшер” баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Ҳисобро дар дақиқаи аввали дидор Ҳусейн Умаров, нимҳимоятгари “Панҷшер”, боз кард. Зимнан, ин голи аввалини мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон ба шумор меравад. Голи ҷавобиро баъди шонздаҳ дақиқа Фирӯз Раҳматов ба ҳадаф расонд. Бозии дигар миёни дастаҳои “Вахш” ва ССКА “Помир” бо ҳисоби 0:0 поён ёфт.

Бозиҳои даври дувуми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзи якшанбеи 12 март баргузор мешаванд. «Хуҷанд» дар майдони худ бо «Вахш», «Ҳосилот» дар меҳмонӣ бо «Панҷшер» ва «Барқчӣ» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо «Регар-ТадАЗ» рақобат мекунанд. Ҳарсе бозӣ соати 14:00 шуруъ мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум

«Истиқлол» – «Барқчӣ» – 6:0

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 9 (1:0). Дмитрий Барков, 20 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 29 (3:0). Манучеҳр Ҷалилов, 43 (4:0). Ҷаҳонгир Алиев, 44 (5:0). Дмитрий Барков, 84 (6:0).

Аз пеналтӣ истифода карда натавонист: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), 9 – тӯбро дарвозабон баргардонд.

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Ромиш Ҷалилов, Артём Барановский, Аҳтам Назаров, Дэвид Мавутор (Эҳсони Панҷшанбе, 46), Нуриддин Давронов (Фаридун Шарифов, 46), Ҷаҳонгир Алиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Манучеҳр Ҷалилов (Амирбек Ҷӯрабоев, 57), Дмитрий Барков.

«Барқчӣ» (Душанбе): Беҳрӯз Хайриев, Манучеҳр Сафаров, Ваҳдат Ханонов, Оятулло Сафаров, Ҳусейн Нурматов, Мӯҳсин Парпиев, Кароматулло Саидов, Амирҷон Сафаров, Шериддин Бобоев (Шаҳром Самиев, 55), Далер Ёдгоров, Нуриддин Ҳамроқулов.

Огоҳонида шуд: Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

8 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошогар.

«Ҳосилот» – «Хуҷанд» – 2:1

Голҳо: Дилшод Бозоров, 34 (0:1). Ҳасан Рустамов, 59 (1:1). Агблей Ҷонс, 89 (2:1).

«Ҳосилот» (Фархор): Рустам Ризоев, Содиқ Мӯсо, Ойбек Абдуғаффоров, Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов, Хайрулло Азизов, Абдурасул Раҳмонов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Акуффо Гершон, Наврӯз Рустамов, Агблей Ҷонс.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Дилшод Додобоев, Манучеҳр Аҳмадов, Соҳибдҷон Ҳакимов, Далерҷон Тухтасунов, Шероз Абдуллоев, Эҳсон Бобоев, Отабек Каримов, Ҳикматулло Расулов, Шоҳрух Раҷабматов (Мирзошариф Ҳасанов, 80), Дилшод Бозоров, Давронҷон Тухтасунов (Шероз Сангинов, 76).

Огоҳонида шуданд: Ҳасан Рустамов, Муҳаммадҷони Ҳасан («Ҳосилот»), Шоҳрух Раҷабматов, Давронҷон Тухтасунов, Мирзошариф Ҳасанов, Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

8 март. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 7526 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

1

1

0

0

6-0

3

2

«Ҳосилот» (Фархор)

1

1

0

0

2-1

3

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

1

0

1

0

1-1

1

4

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

1

0

1

0

1-1

1

5

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

1

0

1

0

0-0

1

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

1

0

1

0

0-0

1

7

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

1

1

0

0

1-2

0

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

1

0

0

1

0-6

0

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 3 тӯб, Дмитрий Барков («Истиқлол») – 2 тӯб.

Даври 2-юм:

12 март (якшанбе)

Оғози бозиҳосоати 14:00

«Хуҷанд» «Вахш»

«Панҷшер» «Ҳосилот»

«Барқчӣ» «Регар-ТадАЗ»

XS
SM
MD
LG