Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози Ҷоми Иттиҳодияи футзали Тоҷикистон


Имрӯз, 7 март, дар Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҷумҳурӣ, мусобиқаи пешазмавсимӣ оид ба футзал барои Ҷоми Иттиҳодияи футзали Тоҷикистон шуруъ шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқа бо ширкати ҳашт даста аз 7-ум то 16-уми март идома хоҳад кард. Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳи иборат аз чордастаӣ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» тимҳои «Формула-55», «Соро компания», «Сино» ва «Бурҷи Халифа», ба гурӯҳи «Б» дастаҳои «Самандар», «Сохтмони Кишвар», «ДИСИ Инвест» ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон шомиланд.

Мувофиқи дастури мусобиқа, марҳилаи гурӯҳӣ аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Аз рӯи натиҷагирии бозиҳои сабқати гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд ва муборизаро барои медалҳо идома медиҳанд. Давомнокии ҳар як бозӣ аз ду бахши 20-дақиқаӣ иборат аст.

Ширкат дар Ҷоми Иттиҳодияи футзали Тоҷикистон барои дастаҳо яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мавсими нави лигаи касбии футзали Тоҷикистон, ки авоили моҳи апрел оғоз меёбад, маҳсуб мешавад.

Ҷоми Иттиҳодияи футзали Тоҷикистон

Даври 1-ум

7 март (сешанбе)

«Формула-55» – «Бурҷи Халифа»

«Самандар» – Донишгоҳи славянӣ

«Соро компания» – «Сино»

«Сохтмони Кишвар» – «ДИСИ Инвест»

XS
SM
MD
LG