Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии “Регар” бо “Панҷшер” ва “Вахш” бо ССКА


Мусобиқаи 26-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи якшанбеи 5-уми март бо ду бозӣ миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва «Вахш» (Қӯрғонтеппа) - ССКА «Помир» (Душанбе) шуруъ шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ҳарду бозӣ, ки ба иллати омода набудани варзишгоҳҳои шаҳрҳои Турсунзодаву Вахш дар Душанбе, дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, барпо гардид, бо натиҷаҳои мусовӣ хотима ёфт.

Ҳарду бозӣ ба иллати омода набудани варзишгоҳҳои шаҳрҳои Турсунзодаву Вахш, дар Душанбе баргузор шуданд.

Нахуст бозии “Регар-ТадАЗ” бо “Панҷшер” баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Ҳисобро дар дақиқаи аввали дидор Ҳусейн Умаров, нимҳимоятгари “Панҷшер”, боз кард. Зимнан, ин голи аввалини мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон ба шумор меравад. Голи ҷавобиро баъди шонздаҳ дақиқа Фирӯз Раҳматов ба ҳадаф расонд.

Бозии дигар, ки миёни дастаҳои “Вахш” ва ССКА “Помир” сурат гирифт, бо ҳисоби 0:0 поён ёфт.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум

«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер» – 1:1

Голҳо: Ҳусейн Умаров, 1 (0:1). Фирӯз Раҳматов, 16 (1:1).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Далер Азизов, Алишер Шарифов, Доробҷон Эргашев, Фарҳод Холбеков, Фирӯз Қараев, Расул Файзов, Бахтиёр Чориев, Бахтиёр Қаландаров, Шерзод Муҳаммадиев (Одил Бобоназаров, 53), Азим Тошев (Саидхони Амрохон, 46), Фирӯз Раҳматов (Комрон Турсунов, 63).

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ): Сафар Наботов, Алишери Ҳотам, Анвар Ҳамроқулов, Руслан Тиллоев, Беҳрӯз Ниёзов, Шавкат Худойназаров, Ҳасан Холов (Алишер Салимов, 72), Фаррух Фузайлов, Абдухалил Боронов, Сорбон Авғонов, Ҳусейн Умаров.

Огоҳонида шуданд: Фарҳод Холбеков («Регар-ТадАЗ»), Беҳрӯз Ниёзов, Руслан Тиллоев («Панҷшер»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

5 март. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошогар.

«Вахш» – ССКА «Помир» – 0:0

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Баҳовиддин Холиқов, Акмал Сабуров, Холмурод Назаров, Хуршед Бекназаров, Азимҷон Раҳмонов, Валиҷон Зарифов (Хайриддин Турахонов, 70), Умарҷон Шарифов, Ҷамолиддин Зардиев, Далер Умаров (Муҳаммадрофеъ Холов, 81), Собир Холматов, Худойдод Узоқов (Парвиз Саидмуродов, 90+4).

ССКА «Помир» (Душанбе): Анатолий Старушенко, Идибек Ҳабибуллоев, Игор Суров, Зоир Ҷӯрабоев, Фурӯғ Қодиров, Комрони Мирзонаҷот, Комрони Мирзохон, Фирдавс Чақалов, Шамсиддин Қосимов, Шарафҷон Солеҳов, Мисиам Иносент (Умед Азизов, 65).

Огоҳонида шуданд: Собир Холматов, Худойдод Узоқов, Парвиз Саидмуродов («Вахш»), Мисиам Иносент, Комрони Мирзонаҷот, Идибек Ҳабибуллоев (ССКА «Помир»).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

5 март. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 150 тамошогар.

Ду бозии дигари даври аввали мусобиқаи лигаи олӣ рӯзи чоршанбеи 8-уми март барпо мегардад. Бозӣ миёни дастаҳои «Ҳосилот» (Фархор) -- «Хуҷанд» (Хуҷанд), ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб барпо мегардад, соати 14:00 оғоз меёбад. Бозии охирини даври аввали мусобиқа байни тимҳои «Истиқлол» (Душанбе) - «Барқчӣ» (Ҳисор) дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 18:30 дақиқа шуруъ мешавад.

Имсол мусобиқаи лигаи олӣ бо ширкати ҳашт даста дар се давра доир хоҳад шуд. Ҳар як даста 21 бозӣ анҷом медиҳад. Мувофиқи тасмими Лигаи футболи Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи ФФТ тасдиқ шудааст, дастаи дар мусобиқа ҷойи охиринро ишғолнамуда лигаи олиро тарк менамояд. Дастае, ки дар мусобиқаи лигаи олӣ ҷойи пешазохиринро мегирад, барои дар ин лига мондан бо ҷоизадори нуқраи лигаи аввал рақобат мекунад.

Ду бозии боқимондаи даври 1-ум

8 март (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

«Ҳосилот» «Хуҷанд»

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

Оғози бозӣ – соати 18:30

«Истиқлол» – «Барқчӣ»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG