Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон 5 март оғоз меёбад


Мусобиқаи 26-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи якшанбеи 5-уми март бо ду бозӣ миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва «Вахш» (Қӯрғонтеппа) - ССКА «Помир» (Душанбе) шуруъ мешавад.

Ду бозии дигари даври аввал рӯзи чоршанбеи 8-уми март миёни дастаҳои «Барқчӣ» (Ҳисор) – «Истиқлол» (Душанбе) ва «Ҳосилот» (Фархор) «Хуҷанд» (Хуҷанд) барпо мегардад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), имсол мусобиқаи лигаи олӣ бо ширкати ҳашт даста дар се давра доир хоҳад шуд. Ҳар як даста 21 бозӣ анҷом медиҳад.

Мувофиқи тасмими Лигаи футболи Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи ФФТ тасдиқ шудааст, дастаи дар мусобиқа ҷойи охиринро ишғолнамуда лигаи олиро тарк менамояд. Дастае, ки дар мусобиқаи лигаи олӣ ҷойи пешазохиринро мегирад, барои дар ин лига мондан бо ҷоизадори нуқраи лигаи аввал рақобат мекунад.

Тақвими бозиҳои мусобиқаи 26-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ

Иштироккунандагони мусобиқа:

1. «Барқчӣ» (Ҳисор)

2. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

3. «Ҳосилот» (Фархор)

4. «Вахш» (Қӯрғонтеппа)

5. ССКА «Помир» (Душанбе)

6. «Хуҷанд» (Хуҷанд)

7. «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

8. «Истиқлол» (Душанбе)

ДАВРАИ АВВАЛ

Даври 1-ум

5 март (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14:00

1. «Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер»

2. «Вахш» – ССКА «Помир»

8 март (чоршанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14:00

3. «Барқчӣ» – «Истиқлол»

4. «Ҳосилот» «Хуҷанд»

Даври 2-юм

12 март (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14:00

5. «Хуҷанд» – «Вахш»

6. «Панҷшер» – «Ҳосилот»

7. «Барқчӣ» «Регар-ТадАЗ»

Даври 3-юм

18 март (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 15:00

9. «Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

10. «Ҳосилот» – «Барқчӣ»

11. «Вахш» – «Панҷшер»

12. ССКА «Помир» «Хуҷанд»

Даври 4-ум

1 апрел (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

13. «Панҷшер» ССКА «Помир»

2 апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

14. «Барқчӣ» – «Вахш»

15. «Регар-ТадАЗ» «Ҳосилот»

Даври 5-ум

8 апрел (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

17. «Вахш» – «Регар-ТадАЗ»

18. «Хуҷанд» «Панҷшер»

9 апрел (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

19. ССКА «Помир» «Барқчӣ»

10 апрел (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

20. «Ҳосилот» «Истиқлол»

Даври 6-ум

13 апрел (паҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

21. «Истиқлол» «Панҷшер»

15 апрел (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

22. «Регар-ТадАЗ» ССКА «Помир»

16 апрел (якшанбе)

Оғози бозҳо – соати 16:00

23. «Барқчӣ» – «Хуҷанд»

24. «Ҳосилот» «Вахш»

Даври 7-ум

22 апрел (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

25. «Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»

26. «Панҷшер» «Барқчӣ»

23 апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

27. «Вахш» – «Истиқлол»

28. ССКА «Помир» «Ҳосилот»

Бозии даври 2-юм

27 апрел (панҷшанбе)

8. «Истиқлол» ССКА «Помир»

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG