Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон дар Ҳисор мегузарад


Бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии футболи Тоҷикистон рӯзи шанбеи 4-уми март соати 14:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор, ки барои 25 ҳазор тамошогар ҷойгоҳ дорад, шуруъ мешавад.

Дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2016 бо тими «Ҳосилот»-и Фархор, ҷоизадори нуқраи мусобиқаи порсолаи қаҳрамонии кишвар, рақобат мекунад.

Бояд гуфт, ки Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 барои ҳаштумин бор баргузор мешавад. Аввалин бозӣ барои Суперҷом соли 2010 дар шаҳри Турсунзода барпо гардида буд. Баъдан беҳтарин дастаҳои кишвар барои Суперҷоми Тоҷикистон дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа (2011), Ваҳдат (2012), Кӯлоб (2013), Душанбе (2014, 2015) ва Турсунзода (2016) мубориза бурдаанд.

Қаҳрамони феълии Тоҷикистон - «Истиқлол» - шаш бор – солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015 ва 2016 Суперҷоми Тоҷикистонро соҳиб шудааст. Танҳо як бор – соли 2013 – Суперҷом насиби дастаи «Равшан»-и Кӯлоб гардидааст.

Соли гузашта бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон 3 апрел дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда буд. Дар ин бозӣ дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2015, бар тими "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи порсолаи қаҳрамонии кишвар, бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2016):

2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – “Хайр” (Ваҳдат) - 2:2, аз рӯи пеналтӣ – 4:3

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 3:2

XS
SM
MD
LG