Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cабқати “Истиқлол” ва “Дордой”-ро арабҳо доварӣ мекунанд


Довари ФИФА Ёқуб Юсуф Қосим Ҳасан Ал-Ҳаммадии 35-сола аз Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) сардовари бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 миёни дастаҳои “Истиқлол” –и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон ва “Дордой” – и Бишкек, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Қирғизистон, таъин шудааст.

Ба ӯ ҳамватанонаш - ёварони довари ФИФА Масъуд Ҳасан Исмоил Блук Фарди 39-сола ва Ҷумъа Ҳамид Носир Ал-Муҳайнии 36-сола - кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба зиммаи довари ФИФА Ҳамад Алӣ Юсуф Абдулло Ал-Алии 33-сола аз ИМА вогузор шудааст. Ҷассим Муҳаммад аз Қатар нозири доварон ва Тох Сен Ни аз Малайзия комиссари бозӣ таъин шудаанд.

Нахустин бозии дастаи “Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC дар гурӯҳи “D” бо тими «Дордой» 14 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:30 шуруъ мешавад.

Ҷоми AFC-2017

Гурӯҳи "D". Минтақаи марказӣ

Даври 1-ум
14 март (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – “Дордой” (Қирғизистон)
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон)
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – “Дордой” (Қирғизистон)

Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)
“Дордой” (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – “Дордой” (Қирғизистон)

XS
SM
MD
LG