Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҳосилот” аз ҳаққи ширкат дар даври гурӯҳии Ҷоми AFC маҳрум шуд


Дастаи “Ҳосилот”– и Тоҷикистон, ки бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-2017-ро бо тими “Дордой”–и Қирғизистон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод, аз ҳаққи ширкат дар даври гурӯҳӣ маҳрум шуд.

Бозии ҷавобӣ рӯзи сешанбеи 28-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо гардид. Ҳисобро дар оғози дидор, дар дақиқаи ҳафтум, Ислом Шамшиев, бозигари “Дордой”, боз кард. Голи ҷавобиро Муҳаммадҷони Ҳасан дар замони изофии бозӣ (90 +1) ба ҳадаф расонд.

Ёдовар мешавем, бозии аввали даври плей-оффи Ҷоми AFC миёни дастаҳои "Ҳосилот", барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон ва "Дордой", ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Қирғизистон, 21 феврал дар варзишгоҳи ба номи Аҳмадбек Суюнбоеви шаҳри Ӯши Қирғизистон бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфта буд.

Ба ин тартиб, дастаи “Дордой” аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ муқобили “Ҳосилот” ғолиби плей-офф шуда, ба даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 роҳ ёфт. Қаҳрамони нуҳкаратаи Қирғизистон дар гурӯҳи «D» ба се бошгоҳи Осиёи Марказӣ – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон), ки ҳамчун қаҳрамонони кишварҳои худ мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтаанд, ҳамроҳ мешавад.

Бозии аввали “Истиқлол” дар гурӯҳи “D” 14 март муқобили «Дордой» барпо мегардад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:30 шуруъ мешавад.

Ҷоми AFC-2017

Минтақаи марказӣ. Плей-офф. Бозии ҷавобӣ

«Ҳосилот» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон) – 1:1

Голҳо: Ислом Шамшиев, 7 (0:1). Муҳаммадҷони Ҳасан, 90+1 (1:1).

«Ҳосилот» (Фархор, Тоҷикистон): Рустам Ризоев, Ойбек Абдуғаффоров, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Иброҳим Рабимов, Сайриддин Ғаффоров, Хайрулло Азизов, Акуффо Гершон (Муҳаммадҷони Ҳасан, 46), Абдурасул Раҳмонов, Наврӯз Рустамов (Агблей Ҷонс, 46), Шодибек Ғаффоров (Саидалии Сафаралӣ, 83).

Сармураббӣ: Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев.

«Дордой» (Бишкек, Қирғизистон): Валерий Кашуба, Курсанбек Шератов, Анатолий Власичев, Ислом Шамшиев, Ғайрат Жиргалбек Уулу, Марат Аҷиниёзов (Одил Бекбулотов, 73), Азиз Сиддиқов (Мустафо Юсупов, 90+2), Бактай Талайбек Уулу, Алишер Азизов, Авазбек Откеев (Мирбек Аҳмадалиев, 80), Егор Потапов.

Сармураббӣ: Мурод Ҷумъакеев.

Огоҳонида шуданд: Ҳасан Рустамов, Ойбек Абдуғаффоров, Наврӯз Рустамов («Ҳосилот»), Азиз Сиддиқов, Анатолий Власичев, Марат Аҷиниёзов («Дордой»).

Сардовар: Ҷамил Ҷумъа Абдулҳусайн Муҳаммад (Баҳрайн).

Нозири доварон: Масъуд Муродӣ (Эрон).

Комиссари бозӣ: Чуан Чин-Фан (Тайван).

28 феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 7000 тамошобин.

Ҷоми AFC-2017

Гурӯҳи "D". Минтақаи марказӣ

Даври 1-ум
14 март (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – “Дордой” (Қирғизистон)
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон)
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – “Дордой” (Қирғизистон)

Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)
“Дордой” (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – “Дордой” (Қирғизистон)

XS
SM
MD
LG