Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” бори севум Ҷоми ФФТ-ро соҳибӣ кард


«Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии ниҳоӣ «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, барои севумин бор Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард. Бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2017 бегоҳи ҷумъаи 24 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд. Ду голи “Истиқлол”-ро Дилшод Восиев дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаҳои 67-ум ва 89-ум, ба ҳадаф расонд. Як голи “Регар-ТадАЗ”-ро Алишер Шарифов дар замони изофӣ (90+3) зад.

Ҷоми ФФТ аз соли 2012-ум барои шашумин бор баргузор шуд.

Ба иллати он ки ҳимоятгар Сиёвуш Асроров корти сурх гирифт, ҳайати «Истиқлол» аз дақиқаи 31-ум то анҷоми бозӣ як нафар кам буд. Инчунин, дар дақиқаи 29-ум капитани “Истиқлол” Фатҳулло Фатҳуллоев аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ тӯбро ба ҳадаф расонда натавонист.

Дар маросими ҷоизасупорӣ, ки баъди анҷоми бозии ниҳоӣ барпо гардид, ба дастаи ғолиб – “Истиқлол” – Ҷоми ФФТ ва медалҳои тилло тақдим шуд. Дастаи “Регар-ТадАЗ” бо медалҳои нуқра сарфароз гашт. Ба дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ медалҳои биринҷӣ супурда шуд.

Ҷоми ФФТ аз соли 2012-ум барои шашумин бор баргузор шуд. “Истиқлол”-и Душанбе се бор, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ду бор ва “Хайр”-и Ваҳдат як бор дар мусобиқа барои Ҷоми ФФТ ғолиб омадаанд.

Ҷоми ФФТ-2017. Бозии ниҳоӣ
24 феврал (ҷумъа)

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1

Голҳо: Дилшод Восиев, 67 (0:1). Дилшод Восиев, 89 (0:2). Алишер Шарифов, 90+3 (1:2).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Далер Азизов, Алишер Шарифов, Фаррух Чориев, Фарҳод Холбеков (Комрон Турсунов, 77), Фирӯз Қараев, Расул Файзов, Бахтиёр Қаландаров, Бахтиёр Чориев, Шерзод Муҳаммадиев (Азиз Мансуров, 78), Азим Тошев, Евгений Хотимский.

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Дэвид Мавутор (Соҳиб Саванкулов, 90+2), Артем Барановский, Амирбек Ҷӯрабоев, Нуриддин Давронов, Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Эргашев (Ҷаҳонгир Алиев, 59), Фатҳулло Фатҳуллоев (Ромиш Ҷалилов, 75), Манучеҳр Ҷалилов (Дилшод Восиев, 59), Дмитрий Барков.

Огоҳӣ гирифтанд: Нуриддин Давронов, Аҳтам Назаров («Истиқлол»), Далер Азизов, Алишер Шарифов, Бахтиёр Чориев («Регар-ТадАЗ»).

Аз майдон хориҷ шуд: Сиёвуш Асроров («Истиқлол»), 31 – барои бо сар задани рақиб.

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа).

24 феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1600 тамошогар.

Натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2017):

2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0
2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1
2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

XS
SM
MD
LG