Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҳосилот” барои бозӣ бо “Дордой” ба Ӯш омад


Дастаи “Ҳосилот”-и Фархор, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, барои бозии аввали даври плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 муқобили «Дордой»-и Бишкек, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Қирғизистон, 19 феврал ба шаҳри Ӯш расид.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Ҳосилот», ҳамроҳи худ ба Қирғизистон 18 бозигар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро овардааст, ки дар меҳмонхонаи «Шонхой сити» ҷойгир шудаанд.

Бозии аввали даври плей-оффи Ҷоми AFC-2017 миёни «Дордой» ва «Ҳосилот» рӯзи сешанбеи 21 феврал дар варзишгоҳи ба номи Аҳмадбек Суюмбоеви шаҳри Ӯши Қирғизистон соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ (14:00 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад. Бозии ҷавобии ин дастаҳо 28 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 16:00 оғоз меёбад.

Ҳайати «Ҳосилот» дар бозӣ муқобили «Дордой»:

Дарвозабонҳо: Рустам Ризоев, Фатҳулло Бобоев;

Ҳимоятгарон: Содиқ Мӯсо (Гана), Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Ойбек Абдуғаффоров, Хайрулло Азизов, Саидалии Сафаралӣ;

Нимҳимоятгарон: Сайриддин Ғаффоров (Узбакистон), Акуффо Гершон (Гана), Иброҳим Рабимов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Абдурасул Раҳмонов, Абдусамад Ҳоҷибоев, Шаҳзод Давлатов;

Ҳамлагарон: Агблей Ҷонс (Гана), Шодибек Ғаффоров, Наврӯз Рустамов.

Сармураббӣ – Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев.

Довари ФИФА Ванг Ди аз Чин сардовари бозии аввали даври плей-оффи Ҷоми AFC-2017 миёни дастаҳои “Дордой” ва “Ҳосилот” таъйин шудааст. Дар ин бозӣ ба Ванг Ди ҳамватанонаш - ёварони довари ФИФА Сян Ши ва Чжан Чен - кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба зиммаи довари ФИФА Аҳмад Рауф аз Покистон вогузор шудааст. Авни Абдул Карим Саид Ҳассоунеҳ аз Урдун нозири доварон ва Анварул Ҳаққ аз Бангладеш комиссари бозӣ мебошанд.

Ғолиби даври плей-офф дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи «D» ба се бошгоҳи Осиёи Марказӣ – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон), ки ҳамчун қаҳрамонони кишварҳои худ мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтаанд, ҳамроҳ мешавад.

Ёдовар мешавем, дастаи “Ҳосилот” аз рӯи натоиҷи ду даври муқаддамотӣ барои роҳёбӣ ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 бар тими “Шоҳин Осмоӣ”, қаҳрамони лигаи бартари Афғонистон, пирӯз шуда, ба даври плей-офф роҳ ёфтааст.

"Ҳосилот" дар бозии аввал, ки 31-уми январ дар Варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон барпо гардид, бар тими “Шоҳин Осмоӣ” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Голи ягонаро Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 35-уми нимаи аввали дидор ба самар расонд. Бозии ҷавобӣ миёни тимҳои “Ҳосилот” ва “Шоҳин Осмоӣ”, ки 7-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол ба поён расид.

Дар ду бозии дигари марҳилаи муқаддамотӣ дар минтақаи Осиёи марказӣ «Дордой»-и Қирғизистон ва «Балкан»-и Туркманистон рақобат карданд. Бозии аввал миёни ин ду даста 31-уми январ дар шаҳри Ӯши Қирғизистон бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расида буд. Дар бозии ҷавобӣ 7-уми феврал дастаи мизбон - «Балкан» – аз тими «Дордой» бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷагирии бозиҳои даври муқаддамотӣ тимҳои “Ҳосилот”ва “Дордой” ба плей-офф роҳ ёфтанд.

XS
SM
MD
LG