Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” ва “Регар” дар ниманиҳоии Ҷоми ФФТ


Рӯзҳои 15-16 феврал дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе бозиҳои даври дувуми марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) баргузор шуданд.

Дар сабқати гурӯҳи “А” «Равшан»-и Кӯлоб бар «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯзӣ ба даст овард. Тӯбро Саидхони Амрохон дар дақиқаи 39-уми дидор ба ҳадаф расонд.

Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 1:1 ба охир расид. Ҳисобро дар дақиқаи 21-ум ҳамлагари “Ҳосилот” Наврӯз Рустамов боз кард. Панҷ дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ капитани “Хуҷанд” Манучеҳр Аҳмадов ҳисобро баробар намуд.

Рӯзи панҷшанбеи 16-уми феврал ду бозӣ дар гурӯҳи «Б» баргузор шуд. «Истиклол»-и Душанбе «Ашт»-и ноҳияи Аштро бо ҳисоби бузургтарини 14:1 шикаст дод. Шаш голи “Истиқлол”-ро Дилшод Восиев ба самар расонд. Ҷаҳонгир Эргашев се гол, Ромиш Ҷалилов ва легионери русиягӣ Дмитрий Барков дуголӣ заданд. Як голи дигари “Истиқлол” ба капитани даста Фатҳулло Фатҳуллоев марбут аст.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ба дарвозаи «Ҳулбук»-и Восеъ панҷ голи беҷавоб зад. Голҳоро Евгений Хотимский, Давронҷон Тухтасунов, Азиз Мансуров, Ҳикматулло Расулов ва Шерзод Маҳмадиев ба самар расонданд.

Ба ин тартиб, «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ», ки ҳар кадом ду пирӯзӣ ба даст овардаанд, сарфи назар аз натоиҷи бозиҳои даври севуми сабқати гурӯҳӣ, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар бозии даври севум, ки рӯзи шанбеи 18 феврал баргузор мешавад, дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» барои ҷойи аввал дар гурӯҳи «Б» талош мекунанд.

Имрӯз, 17 феврал, ду бозии ниҳоӣ дар гурӯҳи «А» барпо мегардад. Нахуст дастаҳои «Равшан» ва «Хуҷанд», баъдан тимҳои «Кӯктош» ва «Ҳосилот» вориди рақобат мешаванд.

Бар асоси низомномаи мусобиқа ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ муборизаро барои Ҷоми ФФТ ва медалҳо идома медиҳанд.

Ҷоми ФФТ-2017. Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А». Даври 2-юм

15 феврал (чоршанбе)

«Равшан» – «Кӯктош» – 1:0

Гол: Саидхони Амрохон, 39.

«Хуҷанд» – «Ҳосилот» – 1:1

Голҳо: Наврӯз Рустамов, 21 (0:1). Манучеҳр Аҳмадов, 85 (1:1).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Равшан» (Кӯлоб)

2

1

1

0

2-1

4

2

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

2

1

0

1

1-1

3

3

«Ҳосилот» (Фархор)

2

0

2

0

2-2

2

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2

0

1

1

1-2

1

Даври 2-юм

Гурӯҳи «А»

16 феврал (панҷшанбе)

«Регар-ТадАЗ» – «Ҳулбук» – 5:0

Голҳо: Евгений Хотимский, 6 (1:0). Давронҷон Тухтасунов, 8 (2:0). Азиз Мансуров, 14 (3:0). Ҳикматулло Расулов, 31 (4:0). Шерзод Маҳмадиев, 86 (5:0).

«Истиқлол» – «Ашт» – 14:1

Голҳо: Ромиш Ҷалилов, 1 (1:0). Дилшод Восиев, 9 (2:0). Дилшод Восиев, 13 (3:0). Соҳиб Саванкулов, 25 – ба дарвозаи худ (3:1). Дилшод Восиев, 27 (4:1). Дилшод Восиев, 41 (5:1). Дилшод Восиев, 44 (6:1). Ҷаҳонгир Эргашев, 45 (7:1). Ромиш Ҷалилов, 45+1 (8:1). Дилшод Восиев, 49 (9:1). Ҷаҳонгир Эргашев, 57 (10:1). Дмитрий Барков, 58 (11:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 67 (12:1). Дмитрий Барков, 87 (13:1). Ҷаҳонгир Эргашев, 90 (14:1).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “Б”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

2

2

0

0

25-1

6

2

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

2

2

0

0

11-2

6

3

«Ҳулбук» (Восеъ)

2

0

0

2

0-16

0

4

«Ашт» (Ашт)

2

0

0

2

3-20

0

Даври 3-юм

Гурӯҳи «А»

17 феврал (ҷумъа)

12:30 – «Равшан» – «Хуҷанд»

15:00 – «Кӯктош» – «Ҳосилот»

Гурӯҳи «Б»

18 феврал (шанбе)

14:30 – «Ҳулбук» – «Ашт»

17:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

Бозиҳои ниманиҳоӣ

20 феврал (душанбе)

1 «А» – 2 «Б»

1 «Б» – 2 «А»

22 феврал (чоршанбе)

Бозӣ барои ҷойи севум

Бозии ниҳоӣ

Бояд гуфт, ки Ҷоми ФФТ барои шашумин бор баргузор мешавад. “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дуборӣ ва “Хайр”-и Ваҳдат як бор Ҷоми ФФТ-ро ба даст овардаанд.

Соли гузашта дастаи «Регар-ТадАЗ» Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард. Футболбозони шаҳри Турсунзода дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2016, ки 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир шуд, дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаву ҳалкунандаро Ромиш Ҷалилов дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 25-ум, ба ҳадаф расонд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2016):

2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0

2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1

2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

XS
SM
MD
LG