Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кадом дастаҳо рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон мешаванд?


Рақибони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23), ки аз 15 то 23 июл дар сабқати интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 иштирок мекунад, 17 март маълум хоҳад шуд. Қуръакашии марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 дар қароргоҳи Конфедеросиюни футболи Осиё дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур – баргузор мешавад.

Барои ширкат дар марҳилаи интихобӣ 42 дастаи мунтахаб, ки ба ду минтақа тақсим шудааст, дархост пешниҳод кардааст. Ба минтақаи ғарбӣ 22 даста – Ироқ, Қатар (мизбон), Имороти Муттаҳидаи Араб (мизбон), Эрон, Урдун, Узбакистон, Сурия, Арабистони Саудӣ (мизбон), Умон, Кувайт (ба иллати хориҷ шудани Федеросиюн дар ҳолати интизорӣ қарор дорад), Тоҷикистон, Покистон, Фаластин (мизбон), Баҳрайн, Ҳиндустон, Қирғизистон (мизбон), Лубнон, Афғонистон, Бангладеш, Шри-Ланка, Непал ва Туркманистан - дохиланд.

Ба минтақаи шарқӣ 20 даста– Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Кореяи Шимолӣ (мизбон), Австралия, Тайланд (мизбон), Чин, Ветнам (мизбон), Индонезия, Мянмар (мизбон), Лаос, Малайзия, Тимори Шарқӣ, Тайван, Камбоҷа, Сингапур, Муғулистон, Ҳонконг, Филиппин, Бруней, Макао - шомиланд.

Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ дар минтақаи ғарбӣ 3 гурӯҳи иборат аз панҷдастаӣ ва 2 гурӯҳи иборат аз чордастаӣ таъсис меёбанд. Дар минтақаи шарқӣ бошад, ширкаткунандагон ба 5 гурӯҳи иборат аз чордастаӣ тақсим мешаванд.

Ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 9 то 27 январи соли 2018 дар Чин баргузор мешавад, ғолибони 10 гурӯҳ ва 5 дастае, ки дар гурӯҳҳои худ аз рӯи нишондиҳандаҳо ҷойҳои дувумро соҳиб мешаванд, роҳ меёбанд.

XS
SM
MD
LG